Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд воҳидҳои низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони соҳибтаҷриба ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинон-сарпарастони самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир таъин карда шуданд.
Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сардорони як қатор раёсатҳо ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки ду ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишварро хатм кардаанд, таъин гардиданд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Гулистони вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Хуросон, Темурмалик, Қубодиён, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканти вилояти Хатлон, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Файзобод ва шаҳри Вахдат аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба иваз карда шуданд.
Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифт.
Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, роҳбарони якчанд отрядҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои дастгоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби кадрҳои дорои дараҷаи баланди касбӣ ва маҳорату малакаи роҳбарӣ таъин гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки амнияту субот, пешрафту тараққиёт ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба меҳнати софдилонаву содиқонаи ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ вобаста мебошад.
Хотирнишон гардид, ки бо назардошти вазъи ноорому пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти шароити кору хизмат ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо лавозимоти зарурӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Дар хотимаи суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки доир ба пурзӯр намудани тартибу интизом, риояи оинномаҳои ҳарбию соҳавӣ, тақвияти омодобошии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои низомию махсуси кишвар мунтазам тадбирҳои муассир амалӣ намоянд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






