Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд

Июль 24, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3 миллиону 700 ҳазор амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иброз намуд.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода намуда, барои давра ба давра васеъ намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, амалӣ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд. Давоми солҳои охир номгӯи модулҳои барномавии системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз васеъ карда шуда, тавассути ин модулҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб зиёда аз 50 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шуд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳояшонро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 14 ҳазор адад зиёд шуда, дар айни замон ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ эъломия ва ҳисоботи худро ба тариқи электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд.

Инчунин иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якум дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои риояи қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳо дар шакли электронӣ, истифодаи модулҳои барномаи компютерӣ, хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз, аз ҷумла замимаи мобилии «Андози ман», амалисозии лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва дигар масъалаҳои ба андозбандӣ алоқаманд зиёда аз 1 ҳазору 400 машварат гузаронида шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд