Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд

Июль 24, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, ду ҳавопаймои A320neo ва ду A321neo-ро дар бар мегирад.

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines», ки моҳи июни соли 2025 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, тасмим гирифтааст шабакаи васеи хатсайрҳо ва бренди устуворро ташаккул дода, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоён намояндагӣ намояд.

Ҳавопаймоҳои A320neo 176 ҷойи мусофирнишин ва A321neo 196 ҷойи нишасти дараҷаҳои бизнес ва эконом дошта, барои ширкати ҳавопаймоӣ имкони фаъолсозии парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалиро фароҳам меоранд.

Ба иттилои директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» Зафар Аҳмадзода, «тасвиби шартномаи нахустин бо Airbus на танҳо барои «Shohin Airlines», балки барои авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва иқдоми рамзӣ аст. Ҳавопаймоҳои силсилаи A320neo асоси маҷмааи муосиру самаранок ва экологии ширкати ҳавопаймоии мо хоҳанд буд. Саъй менамоем, ки барои мусофирон сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасониҳоро таъмин намуда, ҳамзамон алоқаи ҳавоии Тоҷикистонро вусъат диҳем. Итминон дорем, ки шарикӣ бо Airbus барои рушди густурдаи Shohin Airlines ва татбиқи стратегияи мо оид ба таъсиси ширкати ҳавопаймоии сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор мегузорад».

Ҳавопаймоҳои A320 маъмултарин силсилаи ҳавопаймоҳои камбар буда, аз саросари ҷаҳон беш аз 20 000 маротиба фармоиш дода шудаанд. Ба ин силсила навъи калонтарини A321neo дохил аст, ки бо хусусияти барҷастаи дурпарвозӣ ва самаранокии истифода фарқ мекунад. Он нисбат ба насли қаблии ҳавопаймоҳои камбар силсилаи A320neo беш аз 20 фоиз сарфаи сӯзишворӣ ва коҳиши партовҳои диоксиди карбон (CO₂)-ро таъмин намуда, бинобар паҳноии толори мусофирнишинӣ бароҳатии бештарро фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»