Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд

Июль 25, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон неругоҳҳои барқи обии «Айнӣ» ва «Ёвон» бунёд карда шаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи бунёди ин неругоҳҳо дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо мудири кулли Раёсати маркетинги минтақаи Авруосиёи ширкати «China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd.» Мао Гохуа дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахши энергетика, аз ҷумла ташкили ҳамкорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳҳои барқи обии «Айнӣ» бо иқтидори 160 МВт ва «Ёвон» бо иқтидори 100 МВт дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд ва пешбурди минбаъдаи лоиҳаи бунёди неругоҳҳои мазкур изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд