«Shohin Airlines» бо «Airbus» барои харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Июль 29, 2026 08:43

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ, ки дар шаҳри Фарнборои Британияи Кабир баргузор гардид, ширкати хусусии ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва Airbus созишнома оид ба харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo-ро ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «Shohin Airlines» иттилоъ медиҳад.

Ин рӯйдод нахустин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus дар таърихи ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» буда, марҳилаи муҳим дар рушди ин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ арзёбӣ мегардад.

Созишнома харидории ду ҳавопаймои Airbus A320neo ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмааи муосири «Shohin Airlines» гардида, барои ташкили парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо таъмини сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва хизматрасонӣ замина фароҳам меоранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамкорӣ бо «Airbus» барои рушди минбаъдаи «Shohin Airlines» ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии авиатсия заминаи устувор хоҳад гузошт.

АКС: «Shohin Airlines»

Июль 29, 2026 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст