Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 миллиону 720,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки қариб 215 ҳазор нафар – 2 фоиз бештар аз аввали соли 2025 мебошад. Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавонтарин ва дорои қувваи кории фаъол мебошад. Сокинони мамлакат бештар дар кадом соҳа фаъолият менамоянд?
Тибқи маълумоти Тадқиқоти қувваи корӣ-2025 (ТҚК-2025) шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 827 ҳазору 562 нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии аҳолии машғул 1 миллиону 849 ҳазору 920 нафар (65,4 фоиз) мардон ва 977 ҳазору 642 нафар (34,6 фоиз) занон мебошанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ киҳо бештар фаъолият мекунанд?
Таҳлили сохтори шуғл аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи бештари аҳолии машғул дар бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ фаъолият доранд. Дар ин соҳа 1 миллиону 142 ҳазору 456 нафар машғул буда, аз онҳо 597 ҳазору 741 нафар мардон ва 544 ҳазору 715 нафар занон мебошанд. Ҳиссаи мардон дар ин бахш 52,3 фоиз ва занон 47,7 фоизро ташкил медиҳад.
Саноати коркард-бахши муҳими иқтисодиёт
Дар бахши саноати коркард 202 ҳазору 677 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 158 ҳазору 436 нафар мардон ва 44 ҳазору 241 нафар занон мебошанд. Ҳиссаи мардон дар ин соҳа 78,2 фоиз ва занон 21,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи киҳо дар пешбурди соҳаи савдо бештар аст?
Тибқи маълумоти Тадқиқоти қувваи корӣ-2025, дар бахши савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо ва мототсиклҳо шумораи коргарон 217 ҳазору 718 нафар буда, аз онҳо 163 ҳазору 783 нафар мардон ва 53 ҳазору 935 нафар занон мебошанд. Дар ин соҳа ҳиссаи мардон 75,2 фоиз ва занон 24,8 фоиз аст.
Оё дар соҳаи сохтмон ҳиссаи мардон бештар аст?
Соҳаи сохтмон яке аз бахшҳое мебошад, ки иштироки мардон дар он хеле зиёд аст. Дар ин самт 230 ҳазору 243 нафар фаъолият дошта, аз онҳо 229 ҳазору 749 нафар мардон ва ҳамагӣ 494 нафар занон мебошанд. Ҳиссаи мардон дар соҳа 99,8 фоиз ва занон 0,2 фоизро ташкил медиҳад.
Фаъолияти нақлиётро киҳо пеш мебаранд?
Дар бахши фаъолияти нақлиёт ва нигаҳдории борҳо 166 ҳазору 570 нафар фаъолият карда, аз онҳо 164 ҳазору 160 нафар мардон ва 2 ҳазору 410 нафар занон мебошанд. Ҳиссаи мардон 98,6 фоиз ва занон 1,4 фоиз мебошад.
Иштирок дар соҳаи тандурустӣ ва маориф
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки занон дар баъзе бахшҳои хизматрасонӣ бештар аст. Аз ҷумла, дар соҳаи фаъолияти маъмурӣ ва ёрирасон аз 31 ҳазору 179 нафар коргарон 23 ҳазору 487 нафар ё 75,3 фоизро занон ташкил медиҳанд. Дар бахши маориф аз 200 ҳазору 135 нафар коргарон 121 ҳазору 959 нафар ё 60,9 фоиз занон мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ низ ҳиссаи занон нисбатан баланд буда, аз 143 ҳазору 124 нафар коргарон 74 ҳазору 148 нафар ё 51,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, дар бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (87,5 фоиз), идораи давлатӣ ва мудофиа (87,7 фоиз), таъмини об ва идоракунии партовҳо (85,3 фоиз) ва ҳамлу нақли ҳавоӣ ва анбордорӣ (85,9 фоиз) иштироки мардон назаррас боқӣ мемонад.
Натиҷаҳои Тадқиқоти қувваи корӣ-2025 нишон медиҳанд, ки бозори меҳнати мамлакат бо нигоҳ доштани мавқеи пешсафи бахши кишоварзӣ тавсиф ёфта, ҳамзамон дар соҳаҳои саноат, савдо, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ низ шумораи зиёди аҳолӣ ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд. Тақсимоти гендерии шуғл аз хусусияти фаъолияти соҳаҳо вобаста буда, зарурати идомаи тадбирҳоро ба хотири фароҳам овардани имконияти баробари шуғл барои мардону занон дар ҳама бахшҳои иқтисодиёт таъкид менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст






