Шумораи субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2025 коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати шаш моҳи соли 2026 дар мамлакат 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус 15 июл зимни нишасти матбуотии ин кумита ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Аз шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ 31 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 93 адад дар шаҳри Душанбе, 42 адад дар вилояти Суғд, 15 адад дар вилояти Хатлон ва 10 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 216 меҳмонхона, 53 хостел ва мотел, 57 осоишгоҳ, 4 осоишгоҳи кӯдакона, 6 маркази муолиҷавӣ, 8 хонаи истироҳатӣ ва 5 базаи сайёҳӣ ба аҳолӣ ва меҳмонон хизмат расонидаанд.
Бояд гуфт, ки таъсиси инфрасохтори марбут ба соҳаи сайёҳӣ барои рушди намудҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва истироҳатӣ имконияти бештар фароҳам меорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои соҳа мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, соли 2018 «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки соли нуҳум аст, ки мавриди амал қарор дорад. Ҳадафи асосии он ташаккули соҳаи рақобатпазири сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконияти табиию фарҳангии мамлакат ва зиёд намудани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, мероси таърихию фарҳангӣ ва имконоти сайёҳии табобатию экологӣ метавонад яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ дар минтақа ба ҳисоб равад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ аз омилҳои муҳими рушди минбаъдаи соҳа маҳсуб мешаванд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки сайёҳон ба Тоҷикистон бештар бо мақсади шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии кӯҳнавардӣ меоянд.
Соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ, фароҳамсозии ҷойи нави кор ва муаррифии имконияти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол рушд меёбад. Дар ин замина, бо мақсади тақвияти инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Бо вуҷуди пешравиҳои бадастомада рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ тақвияти пайвастаи инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассусро тақозо менамояд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба рушди соҳа таъсир мерасонад, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ, мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.
Рушди роҳҳои нақлиётӣ ба мавзеъҳои сайёҳӣ, дастрасии бештари хизматрасониҳои рақамӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва тақвияти фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти муҳим доранд.
Тоҷикистон дорои имконияти зиёди сайёҳӣ буда, мавҷудияти кӯҳҳои баланд, табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии табобатӣ метавонад ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат намояд. Бо ин мақсад истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта метавонад ба афзоиши саҳми сайёҳӣ дар иқтисоди кишвар замина гузорад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки бо назардошти имконияти васеи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии мамлакат соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд меёбад. Афзоиши шумораи субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, таъсиси меҳмонхонаҳои нав, бунёди марказҳои истироҳатӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа далели равшани пешрафти сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 367 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият намудааст. Бояд гуфт, ки субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 нисбат ба соли 2025 176 адад кам фаъолият кардаанд.
Ҷамшед Ҷумахонзода дар нишасти матбуотӣ яке аз намунаҳои рушди инфрасохтори сайёҳиро дар ноҳияи Ховалинг ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ин минтақа барои қабули сайёҳон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ноҳия меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасони сайёҳӣ бунёд гардида, арзиши хизматрасонӣ дар мавзеъҳои сайёҳии ин ноҳия дастрас мебошад. «Масалан, нархи як шабонарӯз иқомат дар меҳмонхонаҳои ноҳия тақрибан 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки барои сайёҳони хориҷӣ гарон нест»,–афзуд раиси кумита.
Раиси кумита гуфт, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон низ кӯшиш доранд инфрасохтори соҳаи сайёҳиро бештар ва сайёҳонро зиёдтар ҷалб намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мешуморад. Мавҷудияти захираҳои нодири табиӣ, ёдгориҳои бостонӣ, осоишгоҳҳои шифобахш ва фарҳанги ғании миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар мамлакат беш аз 20 намуди сайёҳӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, тиҷоратӣ, таълимию омӯзишӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ, гурӯҳӣ, гастрономӣ, намоишӣ, илмию маърифатӣ, шикор ва моҳигирӣ, транзитӣ, фароғатию табобатӣ, оилавӣ, астрономӣ, корӣ, саргузаштдор, деҳотӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии мамлакат маҳсуб мешаванд. Барои рушди намудҳои соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки инфрасохтори муосир тақвият дода, сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар карда шавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад






