Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Июль 10, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо тамоюли тавсеаёбандаи ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Озарбойҷонро баланд арзёбӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба сафир барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо орзу кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард