Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июль 25, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Созмон баррасӣ намуда, инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Вазирон ҳамчунин маҷмуи лоиҳаи санадҳоеро, ки барои баррасӣ ва тасдиқ ба нишасти Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод мешаванд, муҳокима намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва дурнамои таҳкими минбаъдаи он баён намуда, ба зарурати тақвияти ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ба амният, инчунин таъмини субот ва рушди устувор дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай таъкид кард.

Дар доираи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва омодагӣ ба нишасти навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд