Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид

Июль 21, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор баргузор шуд, Раиси Шурои директорони ҶДММ «Лесинвест» Шарифбек Давлатов бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Медали фахриро Раиси Ассотсиатсияи миллии Палатаи савдо ва саноати Муғулистон дар фазои тантанавӣ ба соҳибкори тоҷик тақдим намуд. Ин ҷоиза яке аз баландтарин мукофотҳо дар соҳаи соҳибкорӣ дар Муғулистон ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои расмии ҷониби Муғулистон, дар солҳои 2025–2026 беш аз 80 фоизи содироти молу маҳсулот аз Муғулистон ба Тоҷикистон ва 95 фоизи воридоти мол аз Тоҷикистон ба Муғулистон дар доираи ҳамкории самарабахши соҳибкори ватанӣ бо шарикони муғулистонӣ амалӣ гардидааст.


Тавре таъкид гардид, Тоҷикистону Муғулистон аз қадим тавассути шоҳроҳи таърихии «Роҳи Абрешим» робитаҳои тиҷоратӣ доштанд ва имрӯз соҳибкорони ду кишвар ин анъанаро идома медиҳанд.

Соҳибкори тоҷик дастовардҳои худро самараи сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фазои мусоиди соҳибкорӣ дар даврони истиқлол арзёбӣ намуд.


Айни ҳол дар доираи ҳамкории ҶДММ «Лесинвест» бо шарикони Муғулистон ба Тоҷикистон гӯшти аз лиҳози экологӣ тоза ворид карда мешавад, ки тибқи иттилоъ, нархи он нисбат ба нархи миёнаи бозори дохилӣ арзонтар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Июль 21, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд