Соҳибкори ватандӯст дар ноҳияи Варзоб тақрибан ду километр роҳи деҳаашро мумфарш кард

Июль 2, 2026 13:24

ВАРЗОБ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ наздики ду километр роҳи деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мумфарш карда шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.

Роҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва саҳми соҳибкори ватандӯст Неъматулло Сангонов, ки сокини деҳаи Чорбоғ мебошад, мумфарш гардид.

Деҳаи Чорбоғ калонтарин деҳа дар ноҳияи Варзоб ба ҳисоб рафта, мумфаршкунии роҳи он, ки ба таъмири пурра ниёз дошт, ҳамарӯза рафтуомади ҳазорон нафарро ба шаҳри Душанбе осон менамояд.

Дар ноҳияи Варзоб барои мумфаршкунии роҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, то имрӯз наздики 11 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардидааст. То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи корҳои созандагию ободонӣ дигар роҳҳои байнидеҳавии ноҳия низ навсозӣ карда мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Июль 2, 2026 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд