Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎

Июль 24, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои бартараф намудани хисороте, ки 20 июл  дар натиҷаи омадани сел  дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба хонаҳои истиқоматӣ,  иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори соҳаи энергетика расид,  корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани таъминоти неруи барқ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамзамон аз трансформаторҳои наздик хатҳои муваққатии интиқоли барқ кашида шуда, сокинони деҳаҳои зарардида пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд.

‎Дар айни замон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, иншооти энергетикие, ки зери лой ва хоку санг мондаанд, пас аз тоза гардидани маҳалли ҳодиса аз нав барқарор ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.

‎Барои идома додани корҳои барқарорсозӣ тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла трансформаторҳо, симчӯбҳо, ноқилҳо ва дигар маводи техникӣ дастрас гардида, гурӯҳҳои корӣ барои барқарорсозии пурраи инфрасохтори энергетикӣ омода мебошанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 24, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд