Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2026-2027» дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 22,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 19,8 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 2,9 миллион сомонӣ маблағҳо ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аъзамҷон Чиллазода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки то 1 июл ба соҳаи маориф 2,3 миллион сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 377,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1156,0 миллион сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидаанд.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1916,0 миллион сомонии пешбинишуда 1974,0 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 58,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






