Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон хароҷоти буҷети давлатӣ 97,2 фоизи нақшаро ташкил дод, ки ба 2 миллиарду 907 миллиону 432 ҳазору 896 сомонӣ баробар мебошад. Дар ин хусус 24 июл зимни нишасти матбуотии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар соҳаи саноат ба маблағи 6 миллиарду 241 миллиону 313 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Бо истифодаи индекси нарх суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,9 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 18,5 фоизро ташкил додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 443 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳама категорияҳои хоҷагӣ 17 миллиарду 80 миллиону 211 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6,0 фоиз зиёд аст. Иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 734 миллиону 296 ҳазору 100 сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4,5 фоиз зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






