Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурута Кэйко баргузор гардид, ки дар он тавсеаи робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории ду мамлакат арзёбӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Раиси Палатаи савдо ва саноат Фарҳодшоҳ Раҳмонализода омодагии палатаро барои дастгирии бахши хусусӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Ҷопон изҳор дошта, якчанд ташаббусҳои мушаххаси стратегӣ, аз ҷумла таъсис додани Шурои кории муштараки Тоҷикистону Ҷопон, ҷалби воситаҳои грантии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) барои дастгирии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Фарҳодшоҳ Раҳмонализода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопон дар сатҳи нав баромада, заминаҳои мусоид барои воридоти сармояи хориҷӣ фароҳам омадаанд ва нишондиҳандаҳои ҳамкории тиҷоратӣ ба таври устувор рушд меёбанд.
Раиси палата вобаста ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон дар соли 2027, ки Раиси палата ҳамчун Комиссари генералӣ муайян шудааст, аз сафир даъват намуд, ки барои интихоби ҷойи мусоиду сербинанда барои таъсиси Павилиони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Иокогама мусоидат намояд.
Таъкид шуд, ки ба ҳолати соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Ҷопон қариб 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
АКС: Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






