СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад

Июль 20, 2026 10:10

ЁВОН, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳаи Челонзори Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сохтмони Маркази саломатии деҳа оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ сохта мешавад. Дар оянда он ба 3500 нафар аҳолии деҳаҳои Челонзор ва Дарагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорону сокинони маҳал бунёд гардида, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ мусоидат мекунад.

Мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 600 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки ба 120 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз зиёда аз 50 иншооти дигар ба истифода дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 20, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд