СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад

Июль 5, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Амондара ва Майкатаи шаҳри Панҷакент бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, дар деҳаи Майката бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 сохта мешавад. Бино аз се қабат иборат буда, барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Амондара бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ, математика» бинокорони ширкати сохтмонии «Ҳокими Чорбоғ» бунёди синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 идома дорад.

Тибқи лоиҳа,  бино аз се ошёна иборат буда, дар он бунёди 15 синфхона, утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Паз аз истифода додан 800 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Рушди соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, сохтмони муассисаҳои таълимии муосир барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил аҳамияти калон дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 5, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад