СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён сохтмони муассисаи таълимӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Бино аз ду ошёна иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Маблағузории ин лоиҳа 11 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассисаи таълимӣ баъди ба истифода додан барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фарогирии бештари хонандагон имконоти мусоид фароҳам меорад.
Инчунин дар деҳаи Хуррамдашти Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 аз ҷониби Бонки Рушди Олмон тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони бинои иловагӣ идома дорад.
Бинои нави дуошёна аз 8 синфхона ва 3 утоқи корӣ иборат буда, тибқи нақша то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад. Баъди ба истифода додан дар ин иншоот имконияти беҳтари ташкили раванди таълим ва фароҳам овардани ҷойи нави таҳсил барои хонандагон муҳайё карда мешавад.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи имконоти мавҷуда ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф маҳсуб мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






