Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии шарикони рушд соли равон нашри 12 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва математика барои синфҳои 5-6 бо теъдоди умумии беш аз 1 миллиону 846 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 30 июн дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба масъалаи ҷараёни таҳия, бознигарӣ ва нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд то имрӯз 23 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо теъдоди беш аз 2,5 миллион нусха ба нашр расонидааст.
Таҳия, бознигарӣ ва нашри китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди вазорат амалӣ карда мешавад.
Иброз гардид, ки китобҳои дарсии насли нав дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳия гардида, дар баробари интиқоли дониш, ба рушди тафаккури интиқодӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, малакаҳои иртиботӣ ва истифодаи дониш дар вазъиятҳои амалӣ равона шудаанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъмин гардид. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, навсозии мазмуну муҳтавои таълим, таҳияи китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






