Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Академияро 1395 нафар хатм намуданд, ки аз ин теъдод 85 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар ин хусус 6 июл зимни нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин изҳор гардид, ки шумораи умумии гурӯҳҳои таълимии Академия 243 ададро ташкил дода, нисбат ба соли таҳсили 2024–2025 (220 гурӯҳ) 23 гурӯҳ ё 10,45% зиёд гардидааст. Афзоиши шумораи гурӯҳҳои таълимӣ аз рушди фаъолияти таълимӣ, зиёд гардидани шумораи довталабон ва густариши имкониятҳои таҳсил дар Академия шаҳодат медиҳад.
«Аз рӯйи нақшаи таълимӣ, шумораи гурӯҳҳои тоҷикӣ аз 192 ба 216 гурӯҳ расида, 24 гурӯҳ ё 12,5% зиёд гардидааст. Ҳиссаи онҳо дар сохтори умумии гурӯҳҳо 88,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, шумораи гурӯҳи русӣ 12 адад ва гурӯҳи англисӣ 15 ададро ташкил медиҳанд»,- гуфта шуд дар нишаст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






