Соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз 1,5 миллион мусофир хизмат расонидаанд

Июль 8, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 1 миллиону 562 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳазору 298 мусофир ё 8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон 5 ҳазору 760 хатсайр анҷом дода шуд. Аз ҷумла, аз Фурудгоҳи байналимлалии Душанбе тавассути 4 ҳазору 475 хатсайр 1 миллиону 170 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 1080 хатсайр беш аз 327 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 110 хатсайр 35,5 ҳазор мусофир ва тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар 95 хатсайр 28 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст.

Ҳамзамон Ҳабибулло Назарзода афзуд, ки дар ин давра аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ –«Сомон Эйр» ва 17 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ аз ҷумла, «Уральские авиалинии», «Северный ветер», « ЮТэйр» ва «Сибирь»-и Федератсияи Русия, «Air Astana»-и Қазоқистон, «Uzbekistan airways» ва «Centrum Air»-и Узбекистон, «Flydubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «AZAL»-и Озарбойҷон, «Turkish Airlines»-и Туркия, «Varesh Airlines», «Raymon Airways», «Kish Air» -и Эрон, «Jazeera Airways»-и Кувайт, «China Southern Airlines», «Chengdu Airlines» ва «Loong Airlines»-и Чин парвозҳои мунтазамро иҷро намуданд.

Ҳамзамон бо дахли фаъолияти кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат гуфта шуд, ки алҳол дар корхонаҳои авиатсионӣ беш аз 3 ҳазору 600 нафар фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 1 ҳазору 467 нафар, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 730 нафар, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 241 нафар, Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар 146 нафар, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия 487 нафар, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» 84 нафар ва дар Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 460 нафарро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст