«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид

Июль 24, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳамоиш дар Душанбе «Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими муаррифии«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 17 сентябри соли 2025 зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист баён намуданд, ки сохтмони корхонаҳои маҷмуии коркарди партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадам ва пешниҳоди имтиёзҳо барои онҳо метавонад ба коҳишёбии партовҳо таъсири мусбат расонад. Набояд фаромӯш кард, ки ин кор аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ барои мамлакат манфиати зиёд дорад.

Гуфта шуд, ки соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан 1,6 миллион метри мукааб партов ба вуҷуд омадааст, ки ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 150 килограмм рост меояд ва ин нишондиҳанда сол то сол афзоиш меёбад.

Дар ҳамоиш масъулони сатҳи баланд аз қароргоҳи маркази Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Манила хонум Ҷингмин Ҳуанг, Директори департаменти оби ошомиданӣ ва рушди шаҳрҳо Норио Саито, Директори калони сектори оби ошомиданӣ ва рушди шаҳрҳои Бонки Осиёии Рушд ва намояндаи Вазорати ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷопон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки қабули «Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъсиси «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» ба иҷрои конвенсияҳои Базел, Стокголм, Роттердам ва Созишномаи Париж мутобиқ буда, ба амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор оид ба шаҳрҳои устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Маҳз бо ин мақсад Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи идоракунии партовҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040»-ро ҳамроҳ бо Нақшаи чорабиниҳои солҳои 2026-2030 таҳия намуд. Ин стратегия сохторҳои марбутаро уҳдадор месозад, ки заминаи ҳуқуқиро мутобиқ ба принсипҳои иқтисоди даврӣ ва масъулияти васеи истеҳсолкунанда таҷдид намоянд, инфрасохторро аз партовгоҳҳои санитарӣ то ҳалли табдили партов ба энергия навсозӣ созанд, идоракунии бехатари партовҳои хатарнок, тиббӣ, электронӣ ва сохтмониро тақвият дода, шаффофият ва мониторинги рақамиро ҷорӣ намоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 24, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард