Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
09.07.2026, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз мо бори дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омадаем, то бо ҷараёни корҳои сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии мамлакат – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» аз наздик шинос шавем.
Моҳи апрели соли гузашта мо ба сохтмони ин корхонаи азим оғоз бахшида будем.
Он вақт таъкид карда будам, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад.
Чунонки имрӯз мебинем, дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ корҳои сохтмон бо суръати хуб пеш рафта, барои бунёди инфрасохтори муҳимми истеҳсолӣ, аз ҷумла хатҳои баландшиддати барқ, шабакаҳои обрасонӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зарурӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
То имрӯз тибқи нақша зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмони марҳалаи аввали корхона анҷом дода шудаанд.
Ин пеш аз ҳама, масъулиятшиносӣ, ташкили дурусти кор ва азми қавии сохтмончиён, муҳандисон ва ҳамаи масъулони лоиҳаро нишон медиҳад.
Тибқи лоиҳа «Комбинати металлургии Тоҷик» бо сармояи умумии қариб 6 миллиард сомонӣ дар ду марҳала бунёд мегардад.
Марҳалаи якум моҳи сентябри соли 2027 ва марҳалаи дуюм соли 2029 ба истифода дода шуда, иқтидори солонаи он истихроҷ ва коркарди 2 миллиону 500 ҳазор тонна маъдани оҳанро ташкил хоҳад дод.
Дар давраи сохтмон беш аз 1200 нафар ва баъди пурра ба истифода додани комбинат зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Қобили таъкид аст, ки амалисозии чунин лоиҳаҳои бузург натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарият, муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи кормандони Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик», инчунин, ҳамаи шариконе, ки дар амалисозии ин лоиҳаи муҳим саҳм мегузоранд, барои фаъолияти содиқонаашон изҳори сипос менамоям.
Ин лоиҳа тадриҷан ба яке аз пояҳои муҳимми рушди саноати вазнини мамлакат табдил ёфта, барои таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузорад.
Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки соҳаи металлургияи сиёҳ – дар ҳама давру замонҳо муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар як кишвар ба шумор меравад.
Металлургияи сиёҳ саноати вазнин ба ҳисоб рафта, ҷараёни он аз истихроҷи маъдани оҳан оғоз мегардад ва то ҳадди ба истеҳсоли ниҳоӣ расонидани маҳсулот давом меёбад.
Металлургияи сиёҳ имконият фароҳам меоварад, ки на танҳо дар худи соҳа, балки дар соҳаҳои ба он наздик, аз ҷумла саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, инчунин, савдо ва бахшҳои дигар шумораи зиёди ҷойҳои кории нав таъсис дода шавад.
Металлургияи сиёҳ дар самти рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.
Зеро дар ин замина шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш ҷалб карда мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, ин соҳа вобастагии кишварро аз оҳан ва дигар масолеҳи сохтмони воридотӣ коҳиш дода, заминаро барои рушди содирот муҳайё месозад.
Илова бар ин, металлургияи сиёҳ дар самти пайдо шудани манбаъҳои нави даромад аз ҳисоби андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ, андоз аз даромади корхонаҳо, андоз аз арзиши иловашуда, дигар намудҳои андоз ва ғанӣ гардидани буҷети давлат нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин, металлургияи сиёҳ дар рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Зеро дар заминаи он бунёди марказҳои омӯзишӣ, истифодаи васеъ аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири техникӣ, муаррифии иқтидор ва захираҳои бойи табиӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ба роҳ монда мешавад.
Истиқлоли металлургӣ ба давлат имкон медиҳад, ки ҳама гуна нақшаҳои азим, аз ҷумла бунёди шаҳракҳои нави саноатӣ, роҳу тунелҳои стратегӣ, пулҳои калони мошингузар, иншооту биноҳои варзишу фароғат, неругоҳҳои хурду бузург ва дигар инфрасохтори барои ҷомеа муҳимро дар оянда бе ягон монеа ва сарфи назар аз таҳримҳо ё таъсири омилҳои буҳронии берунӣ амалӣ созад.
Дар дохили кишвар мавҷуд будани чунин занҷираи истеҳсолӣ нишонаи сатҳи баланди соҳаи саноати мамлакат мебошад.
Зеро ҳар як давлате, ки имконияти қонеъ намудани талаботи дохилии худро бо маҳсулоти аз оҳан истеҳсолшуда дорад, метавонад дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла сохтмон, мудофиа ва рушди инфрасохтор истиқлоли комилро ба даст оварад.
Аҳаммияти асосии соҳаи металлургияи сиёҳ аз лиҳози иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар таъсиррасонии пайвастаи он мебошад.
Яъне ин соҳа аз ҷумлаи самтҳое мебошад, ки худ ба худ ё худ барои худ кор намекунад.
Аз рӯи таҳлилҳои байналмилалӣ ҳар як ҷойи кори нави дар соҳаи металлургияи сиёҳ таъсисдодашуда то 7 ҷойи кории нави дигарро дар соҳаҳои марбута, аз ҷумла саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт, иқтисод, илм ва соҳаҳои дигар ба вуҷуд меоварад.
Ғайр аз ин, соҳаи мазкур ба соҳаи энергетика такони ҷиддӣ мебахшад.
Чунки маҳсулоти аз оҳан истеҳсолшуда маҳсулоти сермасрафтарин дар соҳаи энергетика буда, сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ, азнавсозии шабакаҳои интиқоли барқ ва рушди соҳаи ангишт аз он вобастагӣ доранд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар натиҷа имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад.
Дар ин раванд рушди металлургияи сиёҳ аҳаммияти стратегӣ дорад.
Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои металлӣ мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи асосии мо танҳо истихроҷи онҳо нест, балки ташкили занҷираи пурраи истеҳсолот – аз корҳои геологию истихроҷ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургӣ мебошад.
Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати мамлакат ба рушди саноати коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронишуда диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ҳамин замина, сохтмони «Комбинати металлургии Тоҷик» аҳаммияти махсус дорад, зеро он барои ташаккули истеҳсолоти муосири металлургӣ дар мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сухан танҳо дар бораи сохтмони як корхона намеравад.
Дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2025 – 2029 аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» ҳафт корхонаи саноатӣ ҳамчун низоми ягона бунёд мегардад, ки нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳи ватаниро ташкил медиҳанд.
Дар марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли консентрати оҳан ва ғелаки оҳан ба роҳ монда мешавад.
Бо оғози фаъолияти марҳалаи дуюм истеҳсоли оҳани аввалия ё тозашуда, хӯлаи оҳанӣ ва арматура оғоз гардида, дар Тоҷикистон бори аввал занҷираи пурраи истеҳсолоти металлургияи сиёҳ – аз истихроҷи маъдан то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – ташаккул меёбад.
Ман дар вақти суҳбат бо масъулини корхона супориш додам, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда корҳои сохтмони марҳалаи дуюмро аз ҳамин рӯз оғоз намоянд.
Дар ин сурат мо метавонем як сол пеш ба ҳадафҳои гузошта ноил гардем.
Яъне истеҳсоли арматура ва таъмин кардани сокинони кишварро бо ин намуди маҳсулот ба роҳ монем.
Ман фикр мекунам, ки ин имконпазир аст.
Мо имрӯз дидем, ки дар як муддати кӯтоҳ дили кӯҳҳои сангинро пора карда, майдонҳои калонро тахту ҳамвор кардаанд ва барои бунёди корхона, аллакай, шароити мусоид фароҳам омадааст.
Бовар дорам, ки масъулин аз иҷрои кор мебароянд ва моҳи сентябри соли 2028 корхона маҳсулоти тайёрро пешкаши мардум мегардонад.
Қобили зикр аст, ки ин иқдоми муҳим бо истифода аз сармояи соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби технологияҳои пешрафта амалӣ гардида, аз афзоиши имкониятҳои бахши хусусӣ ва эътимоди он ба сиёсати иқтисодии давлат гувоҳӣ медиҳад.
Дар татбиқи ин лоиҳа ширкатҳои бонуфузи муҳандисӣ ва технологии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Австрия иштирок доранд, ки сатҳи баланди техникиву технологии лоиҳаро нишон медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар бунёди ҳарду марҳалаи корхона таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарини ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй аз 12 кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Швейсария ва Шветсия ворид ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳукумати мамлакат барои тараққиёти соҳаи металлургия, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронишуда, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ минбаъд низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.
Ҳадафи мо ташаккули металлургия ҳамчун яке аз пояҳои асосии иқтисоди саноатии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар як тонна маъдани истихроҷшаванда бояд, пеш аз ҳама, дар дохили кишвар коркард гардида, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода шавад.
Ин бояд самти асосии сиёсати давлатии саноат бошад.
Ҳар як давлат сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро маҳз бо дарназардошти захираҳо ё потенсиали табиии худ ба роҳ монда, кӯшиш мекунад, ки ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардад.
Дар ин соҳа ҳамаи давлатҳо аз як қадами аввалин оғоз кардаанд ва ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардидаанд.
Кишвари мо низ дар ин самт қадамҳои нахустини худро гузошта истодааст ва умедворем, ки ба натиҷаҳои назаррас мерасем.
Чунки иқлим ва захираҳои табиии кишварамон ба мо барои амалӣ намудани чунин иқдомҳои нек имконият медиҳанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» фаъолияти худро бо диди дарозмуддат ба роҳ монда, барои ташаккули маҷмааи муосири металлургии мамлакат заминаи устувор фароҳам оварда истодааст.
Тибқи нақшаи рушди комбинат марҳала ба марҳала бунёд кардани корхонаҳои истеҳсоли брикетҳои оҳанӣ, арматура, маркази барқдиҳӣ бо иқтидори 90 мегаватт, ки бо истифодаи гармии аз равандҳои технологии истеҳсолӣ ҳосилшаванда фаъолият хоҳад кард, инчунин, инфрасохтори муҳандисиву нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи оҳан пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, корҳои омодагӣ барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нави саноатӣ оғоз гардидаанд, ки онҳо истеҳсолоти асосиро пурра намуда, барои рушди дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ низ аҳаммияти калон хоҳанд дошт.
Аз ҷумла то соли 2029 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли оҳак бо иқтидори солонаи 200 ҳазор тонна сохта мешавад, ки талаботи истеҳсолоти металлургиро бо ин навъи маҳсулот таъмин хоҳад кард.
Ҳамчунин, барои таъмин намудани истеҳсолот бо бентонит – корхонаи ғанигардонии бентонит ва каолин бо иқтидори солонаи 160 ҳазор тонна маҳсулот таъсис дода мешавад.
Дар шаҳри Истаравшан низ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 1 миллиону 200 ҳазор тонна бунёд мегардад.
Барои бунёди корхонаи истеҳсоли оҳак 120 миллион сомонӣ сармоягузорӣ пешбинӣ гардида, дар давраи сохтмон зиёда аз 150 нафар ва баъди ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар сохтмони корхонаи ғанигардонии бентонит ва каолин дар давраи сохтмон 250 нафар ҷалб гардида, баъди ба истифода додани он 120 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, дар давраи сохтмон зиёда аз 1200 нафар ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 850 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.
Дар маҷмуъ, баъди ба истифода додани ин корхонаҳо то соли 2029 зиёда аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Мо имрӯз барои ташаккули маҷмааи мукаммали металлургӣ асос мегузорем, ки тамоми марҳалаҳои истеҳсолот – аз истихроҷи маъдан то коркарди металл, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва рушди инфрасохтори нақлиётиву энергетикиро ҳамчун низоми ягона ба ҳам мепайвандад.
Ашёи хоми асосии барои рушди металлургияи сиёҳ зарурӣ – маъдани оҳан, ангишт, бентонит ва оҳак – дар Тоҷикистон мавҷуд буда, ин имконият медиҳад, ки занҷираи истеҳсолот асосан бо истифода аз захираҳои ватанӣ таъмин карда шавад.
Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки дар атрофи истеҳсолоти асосӣ даҳҳо корхонаи нав ва ҳазорҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, имкониятҳои рушди саноати мамлакат боз ҳам васеъ гарданд.
Бояд гуфт, ки рушди металлургияи сиёҳ ба ҳалли масъалаи шуғли аҳолӣ бо ду роҳ мусоидат мекунад:
Якум шуғли мустақим.
Ин ҷойҳои кории нави мустақиман дар конҳо, корхонаҳои коркард ва истеҳсолӣ таъсисдодашуда мебошанд.
Корхонаҳо барои муҳандисон, металлургҳо, муҳандисони барқ, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди онҳо кори доимиро бо музди меҳнати хуб пешниҳод мекунанд.
Дуюм шуғли ғайримустақим.
Бо дарназардошти корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар минтақа шабакаи васеи корхонаҳои хурду миёна бунёд мегардад.
Бинобар ин, маҳалли корхона ба шаҳраки саноатӣ ба мисли шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд табдил ёфта, дар он инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили ширкатҳои хизматрасонӣ, нақлиёт ва ғайра таъсис дода мешаванд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ширкатҳои калон на танҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мекунанд.
Онҳо, инчунин, барои ҳалли масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии мардум саҳм мегузоранд.
Масалан, дар самти бунёду таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, муассисаҳои фарҳанг, марказҳои тиббӣ, ошхонаву тарабхона, марказҳои варзиш ва монанди инҳо иштирок карда, барои таҷдиди роҳҳо ва инфрасохтори дигар саҳмгузорӣ мекунанд.
Ин низом такроран тоза кардани об, коҳиш додани ихроҷи газҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва кам кардани гази карбонро дар бар мегирад.
Яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур дар заминаи корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта ва ба истифода додани маркази барқдиҳӣ ба иқтидори 90 мегаватт – соат мебошад, ки гармиро аз оташдонҳо ба атмосфера ихроҷ накарда, балки онро ба тавлиди неруи барқ равона менамояд.
Ҳамин тариқ, мехостам таъкид намоям, ки рушди соҳаи металлургияи сиёҳ – ин сармоягузорӣ ба оянда аст.
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди саноат ворид гардидааст.
Дар солҳои гузашта вазифаи асосии мо таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва коркарди аввалияи сарватҳои зеризаминӣ буд, вале акнун мо бояд истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургиро густариш диҳем.
Ҳадафи мо тадриҷан аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёфтан мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талаботи мамлакат ба филизоти сиёҳ ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда сол ба сол ва босуръат афзуда истодааст.
Агар соли 2016 ба кишвар ҳамагӣ 307 ҳазор тонна филизоти сиёҳ ба маблағи 191 миллион доллар ворид гардида бошад, пас соли 2025 ҳаҷми воридот ба зиёда аз 1 миллион тонна ва арзиши он ба 584 миллион доллар расидааст, яъне дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми воридот зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳисобҳои дурнамо нишон медиҳанд, ки бо дарназардошти суръати рушди иқтисоди миллӣ, амалисозии лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва сохтмон, инчунин, татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, талабот ба филизоти сиёҳ то соли 2035 метавонад ба зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор тонна дар як сол расида, арзиши он аз якуним миллиард доллар бештар гардад.
Талаботи умумии мамлакат танҳо дар даҳ соли оянда тақрибан 18 миллион тонна бо арзиши беш аз 11 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки соли 2025 ба кишвар зиёда аз 600 ҳазор тонна танҳо арматура ворид шудааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки талаботи рӯзафзуни бозори дохилиро ҳарчи бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин намуда, сарватҳои зеризаминии мамлакатро ба манбаи рушди саноат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон табдил диҳем.
Ин чунин маъно дорад, ки истеҳсоли арматура, профилҳо, қубурҳо, конструксияҳои металлӣ ва дигар маҳсулоти серталаб бояд дар дохили мамлакат ба роҳ монда шавад.
Маҳз чунин муносибат имконият медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии нав пурра истифода гардида, ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ афзоиш ёбад, вобастагӣ аз воридот коҳиш ёфта, имкониятҳои содироти маҳсулоти саноатӣ васеъ гарданд.
Рушди металлургияи сиёҳ бояд ба пешрафти сохтмон, мошинсозӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Аз ин рӯ, татбиқи ин вазифа танҳо ба зиммаи як корхона нест.
Он масъулияти муштараки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва ҳамаи сармоягузорон мебошад.
Ҳар як лоиҳаи нави саноатӣ бояд ба ташкили истеҳсолоти мукаммал, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо равона карда шавад.
Танҳо бо чунин муносибат мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафтаи саноатӣ табдил диҳем.
Яке аз шартҳои асосии рушди саноати муосири мамлакат омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.
Дар шароити саноатикунонии босуръат масъалаи омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ бояд ҳамчун масъалаи дорои аҳаммияти стратегӣ арзёбӣ гардад.
Имрӯз рушди босуръати соҳаҳои саноат, аз ҷумла металлургия, мошинсозӣ, химия, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолӣ ба муҳандисон, технологҳо, конструкторон, мутахассисони автоматикунонӣ ва дигар кадрҳои баландихтисоси миллӣ эҳтиёҷи рӯзафзун дорад.
Аз ин рӯ, рушди низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва саноат бошад.
Бунёди чунин корхонаҳои азим танҳо бо насби таҷҳизоти муосир маҳдуд намешавад.
Фаъолияти самараноки онҳо, пеш аз ҳама, аз сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии мутахассисон вобаста мебошад.
Аз ин хотир, вазифаи мо имрӯз на танҳо бунёди корхонаҳои нав, балки ташаккули мактаби миллии муҳандисиву технологии ҷавобгӯ ба талаботи рушди саноати мамлакат аст.
Қобили таъкид аст, ки имрӯз дар мамлакат заминаҳои зарурӣ барои иҷрои ин вазифа муҳайё гардидаанд.
Акнун зарур аст, ки низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ ба талаботи нави саноатикунонии мамлакат пурра мутобиқ гардонида шавад.
Дар ин раванд, Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон бояд ба маркази асосии омода намудани мутахассисони соҳаи металлургияи муосир табдил дода, дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ низ тайёр кардани муҳандисону мутахассисони соҳавиро бо дарназардошти талаботи воқеии истеҳсолот ба роҳ монанд.
Таъкид месозам, ки танҳо дар сурати пайвастани илму маориф бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани низоми таълими дуалӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ мо метавонем рушди устувори саноати мамлакат ва бахусус металлургияи ватаниро таъмин намоем.
Ҳозирини муҳтарам!
Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи металлургияи миллӣ, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад:
Якум. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор Барномаи рушди металлургияи сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 – 2035-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар барнома бояд марҳалаҳои рушди соҳа, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, таъминот бо ашёи хом, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, омӯзиши талаботи бозори дохиливу хориҷӣ, тавсеаи истеҳсолоти ба содирот нигаронишуда, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳа, такмили инфрасохтор ва ҷалби сармоя пешбинӣ гардад.
Инчунин, саҳми соҳа дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, шуғли аҳолӣ ва иқтидори содиротии мамлакат ба таври воқеӣ арзёбӣ карда шавад.
Ҳамчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои рушди соҳаи мошинсозии мамлакат, истифодаи маҳсулоти металлургияи ватанӣ дар истеҳсоли таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои мушаххас андешад.
Дуюм. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо истифодаи васеи механизмҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусиро таъмин намоянд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулоти металлӣ, рушди иқтидорҳои содиротӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Сеюм. Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо корхонаҳои соҳавӣ низоми омода намудани кадрҳоро барои ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки саноати мамлакат, бо дарназардошти талаботи истеҳсолоти муосир, таҷдиди назар намоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, ки барои соҳаҳои саноат кадр омода мекунанд, таъсиси факултаҳо, кафедраҳо ва ихтисосҳои нави муҳандисиву техникӣ, бо дарназардошти талаботи рушди саноати мамлакат, таъмин карда шавад.
Дар ин замина, бояд барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи истеҳсолоти муосир такмил дода шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ ихтисосҳои нав таъсис дода шаванд.
Ҳоло ихтисосҳои металлургияи сиёҳу ранга, оҳангудозӣ, технологияи коркарди металл бо фишор, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ, ташхиси озмоишгоҳии истеҳсолоти металлургӣ, таъмиру истифодаи таҷҳизоти металлургӣ барои фаъолияти корхонаҳои металлургӣ, инчунин, ихтисосҳои саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ барои истеҳсолоти ватанӣ зарур мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, бо ҷалби корхонаҳои истеҳсолӣ низоми таълими дуалӣ, таҷрибаомӯзии ҳатмии истеҳсолӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон ба роҳ монда, барои омода намудани муҳандисон, технологҳо ва дигар кадрҳои баландихтисоси соҳа имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ ва корхонаҳои пешрафтаи хориҷӣ васеъ истифода карда шаванд.
Чорум. Вазорати нақлиёт якҷо бо Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» бояд ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳани 80-километра, ки конҳои маъдани оҳанро бо маҷмааи истеҳсолии комбинат ва шабакаҳои роҳи оҳани кишвар пайваст менамояд, ҳамаҷониба мусоидат намуда, иҷрои саривақтии корҳои пешбинишударо таъмин намояд.
Панҷум. Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар субъектҳои соҳаи энергетика вазифадор карда мешаванд, ки бо дарназардошти марҳала ба марҳала зиёд гардидани иқтидорҳои истеҳсолии «Комбинати металлургии Тоҷик», ҷиҳати таъмини саривақтӣ ва боэътимоди иншооти истеҳсолӣ бо неруи барқ чораҷӯйӣ намоянд.
Зарур аст, ки доир ба рушди инфрасохтори энергетикӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикии худи комбинат, аз ҷумла неруи аз равандҳои технологии истеҳсолӣ ҳосилшаванда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Шашум. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш дода мешавад, ки барои рушди инфрасохтори саноатӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронишуда чораҳои муассир андешанд.
Ҳафтум. Саридораи геология вазифадор карда мешавад, ки корҳои омӯзиши геологии конҳои маъдани оҳан ва дигар канданиҳои фоиданоки барои рушди металлургия муҳимро вусъат бахшида, барои зиёд намудани захираҳои тасдиқшудаи ашёи хом ва таъмини дарозмуддати корхонаҳои металлургии мамлакат пешниҳодҳои асоснок манзур намояд.
Ҳаштум. Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» вазифадор карда мешавад, ки татбиқи марҳалаҳои минбаъдаи рушди истеҳсолотро таъмин карда, бо истифода аз иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳаҷми истихроҷи маъдани оҳанро мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда тадриҷан то 10 миллион тонна дар як сол зиёд намояд.
Назорати татбиқи супоришҳои додашуда ба зиммаи Муовини Сарвазир – Усмоналӣ Усмонзода гузошта мешавад.
Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои босифат ва саривақтии онҳоро таъмин намоянд.
Ҳар як вазорату идора, мақомоти маҳаллӣ ва ҳар як роҳбари масъул бояд дарк намояд, ки рушди соҳаи металлургияи мамлакат танҳо вазифаи як соҳа нест, балки яке аз омилҳои муҳимми таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, истифодаи самараноки сарватҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба соҳибкорон ва сармоягузорони мамлакат муроҷиат намоям.
Имрӯз Тоҷикистон дорои фазои устувори сиёсӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва имкониятҳои фаровони сармоягузорӣ мебошад.
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои бахши хусусиро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.
Мо ҷонибдори он ҳастем, ки сармояи соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама, ба рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона карда шавад.
Ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» нишон медиҳад, ки соҳибкорони ватанӣ имрӯз қодиранд лоиҳаҳои бузурги дорои аҳаммияти стратегиро амалӣ намоянд ва дар татбиқи ҳадафҳои миллии рушди мамлакат саҳми арзишманд гузоранд.
Аз ин рӯ, ҳамаи соҳибкорон ва сармоягузоронро даъват менамоям, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ба таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо фаъолона саҳм гузоранд.
Итминон дорам, ки ҳамкории созандаи давлат ва бахши хусусӣ минбаъд низ барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат заминаи устувор фароҳам меоварад.
Хотирнишон менамоям, ки мо имрӯз шоҳиди оғози як марҳалаи муҳим дар рушди саноати Тоҷикистон ҳастем.
Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» барои истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои кории нав ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат аҳаммияти стратегӣ дорад.
Ин иқдом барои афзоиши содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ ва таҳкими рақобатнокии иқтисоди миллӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва истиқлолу озодии Ватани азизамон мебошанд.
Мо дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон чунин иншооти бузурги саноатиро ҳамчун рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии кишвар ва натиҷаи сиёсати созандаи давлат бунёд намуда истодаем.
Ин ҳама моро водор месозад, ки барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон боз ҳам содиқонаву пурмаҳсул заҳмат кашем.
Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва пешрафти давлат барои ҳар як шаҳрванди кишвар бояд вазифаи муқаддас бошад.
Итминон дорам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Суғд, муҳандисону сохтмончиён, мутахассисон, соҳибкорон ва ҳамаи кормандони соҳаи саноат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!








КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷиро ифтитоҳ намуданд






