СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои мардуми Тоҷикистон қабули пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» боиси ифтихор гардид. Баъди истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ мебошад.
— Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз башарият илова бар ин ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ доир ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад.
Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат музокироти сулҳ натиҷа дод ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин иқдоми ҷасурона на танҳо нишонаи иродаи сиёсӣ, балки далели равшани садоқат ба Ватан ва масъулияти бузург дар назди таърих ва наслҳои оянда буд, ки дар натиҷа сарнавишти миллат аз вартаи нобудӣ ба сӯи созандагӣ ва рушди устувор тағйир ёфт. Ин рӯйдод на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.
Ҷойи ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон таъкид намудаанд, «таҷрибаи тоҷикии ҳалли муноқишаҳо на танҳо дорои хусусияти хоси худ, балки дорои механизмҳо ва технологияи умумӣ низ аст, ки метавонад дар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳо мавриди истифода қарор гирад».
Коршиносону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба технологияи нодире, ки дар ҷараёни ба даст омадани сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон истифода шуд, қоил буданд ва ин таҷриба қобили қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Дар заминаи ин таҷрибаҳо ташаббуси навбатӣ қабул гардид.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки 25 июни соли 2026 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, натиҷаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» нишон медиҳад, ки роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати хориҷиро на танҳо ҳамчун воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, балки чун механизми ташаккули меъёрҳои нави ҳамкории байналмилалӣ истифода мебарад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ин ташаббус дар муайян намудани самтҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон зоҳир мегардад.
Мо ифтихор дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан созандаву сулҳдӯст мебошад.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозанд, ки барои вориси сазовори ниёгони тамаддунсози худ шудан ва пайваста ба хотири ҳамқадами замон тараққӣ кардани сарзаминамон саъй намоем, то Тоҷикистон дар муқобила бо омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ пойдору устувор бимонад.
Илҳом ДОДАРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






