ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Июль 10, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рақамикунонӣ ҷаҳонро ба таври бебозгашт тағйир дода, барои давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванд имконияти нав фароҳам овардааст. Он раванди ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа – аз муоширати ҳаррӯза то идоракунии давлатӣ, иқтисод ва истеҳсолот дар бар мегирад. Дар баробари ин, бо гузариши ҳарчи бештари фаъолияти инсон ба муҳити рақамӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, хизматрасониҳои абрӣ ва ғайра) ҳаҷми маълумоти тавлидшаванда мунтазам афзоиш ёфта, онҳо ба ҳадафи асосии ҳамлаҳои киберӣ табдил меёбанд. Ин раванд барои ҳифзи маълумоти шахсӣ низ хатарҳои ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, дарёфти тавозуни оқилона байни рушди технологияҳои рақамӣ ва таъмини амнияти маълумоти шахсӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши истифодаи интернет дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон амнияти киберӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини амнияти миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз қариб ҳама соҳаҳо– аз бонкдорӣ, тиҷорат ва маориф то идоракунии давлатӣ ба низомҳои рақамӣ такя мекунанд. Ин вобастагӣ агар аз як тараф самаранокӣ ва суръати хизматрасониҳоро баланд мебардорад, аз тарафи дигар хавфи таҳдидҳои кибериро ба таври назаррас зиёд менамояд.

Таҳдидҳои муосири киберӣ ба шахсони алоҳида, ташкилот ва давлатҳо зарари ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нуфузу эътиборӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши онҳо, таҳлили механизмҳои амалишавӣ ва таҳияи роҳҳои самараноки муқовимат яке аз самтҳои муҳими амнияти иттилоотӣ мебошад. Таҳдиди киберӣ маҷмуи амалҳои ғайриқонуние мебошад, ки тавассути шабакаҳои компютерӣ бо мақсади дастрасии беиҷозат ба маълумот, тағйир додан, нобуд сохтан ё халалдор намудани фаъолияти низомҳои иттилоотӣ анҷом дода мешаванд.

Хусусияти асосии таҳдидҳои муосир он аст, ки онҳо пайваста такмил ёфта, бо истифода аз технологияҳои нав, аз ҷумла ҳуши маснуӣ мураккабтар мегарданд. Ҳамлаҳои киберӣ метавонанд ба ҳадафҳои гуногун равона карда шаванд, масалан аз дуздии маълумоти махфӣ ё шахсӣ ва вайрон сохтани фаъолияти инфрасохтори муҳим то таъсиррасонӣ ба равандҳои сиёсӣ ва анҷом додани қаллобиҳои молиявӣ. Усулҳои татбиқи чунин ҳамлаҳо сол аз сол мураккабтар ва гуногунтар мешаванд. Ба онҳо ҳам шаклҳои анъанавӣ, аз ҷумла фишинг ва ҳамлаҳои радкунии хизматрасонӣ (DDoS), инчунин ҳамлаҳо ба занҷираи таъминоти нармафзор ва истифодаи осебпазириҳои барномаҳои компютерӣ дохил мешаванд.

Яке аз мушкилоти асосӣ он аст, ки бисёре аз ташкилот ва истифодабарандагон ҳанӯз ҳам аз чунин таҳдидҳо ба таври кофӣ муҳофизат карда нашудаанд. Ин ҳолат на танҳо ба сатҳи нокифояи дониш оид ба таҳдидҳои эҳтимолӣ, балки ба маҳдуд будани имконияти амалии муқовимат ба навъҳои нави ҳамлаҳо низ вобаста мебошад. Бо вуҷуди аҳамияти воситаҳои анъанавии муҳофизат, аз ҷумла барномаҳои зиддивирусӣ ва деворҳои муҳофизатӣ (Firewall) онҳо дигар барои пешгирии пурраи таҳдидҳои муосири киберӣ кофӣ нестанд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ҷинояткорони киберӣ имрӯз аз усулҳои хеле мураккаб, аз ҷумла муҳандисии иҷтимоӣ, истифодаи осебпазириҳо дар занҷираи таъминоти нармафзор ва ҳамлаҳои ҳадафманд ба нуқсонҳои низомҳои амнияти иттилоотӣ истифода мебаранд.

Барои муборизаи самаранок бо ҳамлаҳои киберӣ муайян ва гурӯҳбандии намудҳои асосии таҳдидҳо, омӯзиши механизми амалишавӣ ва пайомадҳои онҳо, инчунин татбиқи усулҳои муосири муҳофизат зарур мебошад.

Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки ҳамлаҳои киберӣ танҳо бо осебпазириҳои техникӣ маҳдуд намегарданд. Дар бисёр мавридҳо онҳо ба омили инсонӣ низ вобаста буда, маҳз ҳамин омил зарурати истифодаи муносибати ҳамаҷонибаро ба таъмини амнияти киберӣ ба миён меорад. Чунин муносибат бояд тадбирҳои техникӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва идоракуниро дар бар гирад.

Яке аз шаклҳои паҳншудаи ҳамлаҳои киберӣ фишинг ва муҳандисии иҷтимоӣ мебошад. Дар ин усул ҳамлагарон худро ҳамчун намояндаи ташкилоти боэътимод муаррифӣ намуда, тавассути паёмҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳои қалбакӣ маълумоти махфии истифодабарандагонро ба даст меоранд.

Афзоиши ҳамлаҳои киберӣ бо рушди интернет, истифодаи рамзҳои осон, набудани навсозии мунтазами низомҳо ва паст будани сатҳи саводнокии рақамии истифодабарандагон алоқаманд мебошад. Илова бар ин, ҷинояткории киберӣ имрӯз ба низоми муташаккили байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки аз технологияҳои пешрафта ва воситаҳои муосири рақамӣ васеъ истифода мебарад.

Барои муқовимати самаранок ба ҳамлаҳои киберӣ танҳо истифодаи воситаҳои техникӣ кофӣ нест. Зарур аст, ки маҷмуи чораҳои техникӣ, ташкилӣ ва инсонӣ дар шакли низоми ягонаи амнияти иттилоотӣ татбиқ карда шаванд.

Аз ҷиҳати техникӣ истифодаи барномаҳои зиддивирусӣ, рамзгузории маълумот, нусхабардории эҳтиётӣ, назорати доимии шабака ва истифодаи воситаҳои ошкорсозии ҳамлаҳо аҳамияти калон доранд.

Аз ҷиҳати ташкилӣ таҳияи сиёсати амнияти иттилоотӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ, арзёбии мунтазами хавфҳо ва омода намудани нақшаи вокуниш ба ҳодисаҳои киберӣ муҳим мебошад.

Аз ҷиҳати инсонӣ баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, омӯзиши мунтазами кормандон ва ташаккули фарҳанги амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои асосии пешгирии ҳамлаҳои киберӣ ба ҳисоб мераванд.

Технологияҳои муосир, аз ҷумла ҳуши маснуӣ (AI), блокчейн ва низомҳои худкори таҳлили таҳдидҳо низ дар баланд бардоштани сатҳи амнияти киберӣ нақши муҳим доранд.

Барои коҳиш додани хавфи ҳамлаҳои киберӣ татбиқи мунтазами чунин чораҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Пеш аз ҳама, бояд навсозии пайвастаи нармафзор таъмин карда шавад, зеро қисми зиёди ҳамлаҳои муосир маҳз аз осебпазириҳои маълум дар низомҳои куҳнашуда истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ташкилот бояд навсозии худкори нармафзорро таъмин намуда, нашри ислоҳҳои амниятиро мунтазам назорат ва сари вақт татбиқ намоянд. Дар баробари ин, гузаронидани санҷишҳои даврии амниятӣ, арзёбии хавфҳо ва такмили пайвастаи низоми ҳифзи иттилоот барои нигоҳ доштани сатҳи баланди амнияти киберӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамин тавр, дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ танҳо татбиқи муносибати ҳамаҷониба, ки истифодаи воситаҳои муосири ҳифзи иттилоот, такмили сиёсати амниятӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии истифодабарандагонро дар бар мегирад, метавонад муқовимати самаранокро ба таҳдидҳои муосири киберӣ таъмин намояд.

Ситора НАРЗИЗОДА,
сармутахассиси раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумоти 
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад