Таҷриба ва ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) муаррифӣ шуд

Июль 13, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи саммитҳои ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва зеҳни сунъӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳ сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
иттилоъ доданд.

Хуршед Мирзо зимни суханронӣ мавқеи муштараки кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро (LLDC) вобаста ба тавсеаи пайвастшавии рақамӣ, татбиқи ҳадафҳои Барномаи амалии Аваза ва густариши ҳамкории байналмилалӣ баён намуда, таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, пешбурди инноватсия ва истифодаи имконоти зеҳни сунъӣ  муаррифӣ  намуд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ва суханронӣ аз номи Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бозгӯи нақши фаъоли Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто

Июль 13, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад