Талаботи Тоҷикистон ба филизоти сиёҳ то соли 2035 ба беш аз 2,3 миллион тонна мерасад
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Талаботи мамлакат ба филизоти сиёҳ ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда сол ба сол босуръат афзоиш меёбад. Агар соли 2016 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 307 ҳазор тонна филизоти сиёҳ ба маблағи 191 миллион доллар ворид гардида бошад, пас соли 2025 ҳаҷми воридот ба зиёда аз як миллион тонна ва арзиши он ба 584 миллион доллар расидааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки давоми даҳ соли охир ҳаҷми воридоти филизоти сиёҳ ба кишвар зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи ҳисобҳои дурнамо, бо назардошти суръати рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва сохтмонӣ, инчунин амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ба филизоти сиёҳ то соли 2035 метавонад ба зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор тонна дар як сол расида, арзиши он аз якуним миллиард доллар бештар гардад.
Иброз гардид, ки талаботи умумии мамлакат танҳо дар даҳ соли оянда тақрибан 18 миллион тонна бо арзиши беш аз 11 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2025 ба кишвар зиёда аз 600 ҳазор тонна арматура ворид карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






