Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки 25 июни соли 2026 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардид, натиҷаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
— Аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» нишон медиҳад, ки роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати хориҷиро на танҳо ҳамчун воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, балки чун механизми ташаккули меъёрҳои нави ҳамкории байналмилалӣ истифода мебарад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ин ташаббус, пеш аз ҳама, дар муайян намудани самтҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон зоҳир мегардад.
Аз оғози фаъолияти давлатдории навини Тоҷикистон Пешвои миллат сулҳро ҳамчун арзиши олии сиёсати давлатӣ ва омили асосии рушди устувори кишвар муайян намудаанд. Таҷрибаи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аҳаммияти сулҳро на танҳо ҳамчун масъалаи дохилии давлат, балки ҳамчун арзиши умумибашарӣ арзёбӣ намоянд. Маҳз ҳамин таҷрибаи миллӣ ба яке аз асосҳои консептуалии ташаббуси нави байналмилалӣ табдил ёфт.
Давоми зиёда аз се даҳсола муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавӣ ва форумҳои байналмилалӣ масъалаҳои таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалиро матраҳ намудаанд. Дар ҳама суханрониҳои Роҳбари давлат идеяи асосӣ аз он иборат аст, ки сулҳи пойдор танҳо тавассути ҳамкорӣ, муколама, эътимоди байнидавлатӣ ва иҷрои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин шуда метавонад. Ин мавқеи пайгирона тадриҷан ба яке аз унсурҳои асосии дипломатияи Тоҷикистон табдил ёфт.
Қадами ҳалкунанда дар пешбурди ташаббуси мазкур моҳи сентябри соли 2024 амалӣ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ «Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро эълон намояд. Дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мураккаби низоми байналмилалӣ, афзоиши муноқишаҳои мусаллаҳона, рақобати геополитикӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлимро ҳамчун омилҳое арзёбӣ намуданд, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибати нав ва ҳамоҳангшударо талаб мекунанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сулҳ бояд ба меҳвари фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама давлатҳои аъзои он табдил ёбад.
Дар ин раванд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ташаббускори сиёсӣ, балки роҳбари амалии фаъолияти дипломатии Тоҷикистон низ буданд. Бо дастури Пешвои миллат Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид музокироти бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид оғоз намуданд. Ҳадафи ин фаъолияти дипломатӣ ба даст овардани ҳамфикрӣ, таҳияи лоиҳаи қатънома ва ҷалби доираи васеи ҳаммуаллифон буд. Музокирот дар асоси принсипҳои дипломатияи бисёрҷониба, машваратҳои мунтазам ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо анҷом дода шуд. Дар натиҷа лоиҳаи қатънома аз ҷониби шумораи зиёди давлатҳо дастгирӣ гардида, 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қобилияти пайваст намудани масъалаҳои гуногуни глобалӣ ба низоми ягона мебошад. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳ бе рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ пойдор буда наметавонад. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббуси нави сулҳ идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, пиряхҳо ва рушди устувор мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал нишон доданд, ки дипломатияи муосир бояд масъалаҳои амниятӣ ва рушдро дар алоқамандии зич баррасӣ намояд.
Аз нуқтаи назари назарияи муносибатҳои байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун «ташаббускори меъёрҳои байналмилалӣ» (norm entrepreneur) баромад мекунанд. Мувофиқи ин назария, давлатҳо ва роҳбарони сиёсӣ метавонанд бо пешниҳоди идеяҳои нав ба ташаккули меъёрҳои байналмилалӣ таъсир расонанд. Пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» намунаи равшани чунин раванд мебошад. Тоҷикистон, ки аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодӣ ба гурӯҳи давлатҳои миёна дохил мешавад, тавонист тавассути дипломатияи фаъол ва пешниҳоди арзишҳои умумибашарӣ мавқеи худро дар сиёсати ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Дар баробари ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз абзорҳои дипломатияи бисёрҷониба ва қудрати нарм (soft power) самаранок истифода бурданд. Бар хилофи истифодаи воситаҳои сиёсӣ ё ҳарбӣ Тоҷикистон тавассути пешниҳодҳои дорои аҳаммияти глобалӣ, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ ва муколамаи созанда тавонист эътибори байналмилалияшро боло барад. Ин равиш нишон медиҳад, ки давлатҳои дорои захираҳои маҳдуд низ метавонанд тавассути идеяҳои созанда дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар таҳкими манфиатҳои миллии Тоҷикистон низ равшан ба назар мерасад. Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки бо таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла, ноустувории Афғонистон, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит таҳкими сулҳи байналмилалӣ мустақиман ба таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунад. Бо пешбурди ташаббуси мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуданд, ки масъалаҳои амниятии минтақа ба қисми муҳими рӯзномаи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид табдил ёбанд.
Ҷанбаи дигари фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки пайваста зарурати баланд бардоштани нақши ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими сулҳ таъкид менамоянд. Ба андешаи Роҳбари давлат, наслҳои оянда бояд дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва фарҳанги муколама тарбия ёбанд. Аз ин рӯ, ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» на танҳо ба пешгирии низоъҳои имрӯз, балки ба ташаккули заминаҳои устувори сулҳи фардо нигаронида шудааст.
Аз нуқтаи назари манфиатҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд гардидани обрӯи байналмилалии мамлакат мусоидат намуданд. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори дипломатияи созанда эътироф шудааст. Ин эътироф имконоти нави ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд фароҳам оварда, мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият мебахшад.
Дар баробари дастовардҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки қабули қатънома танҳо оғози кор аст. Ба андешаи Пешвои миллат, муваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ аз таҳияи барномаҳои амал, ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳо, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои байналмилалӣ вобаста хоҳад буд. Аз ин рӯ, вазифаи навбатӣ табдил додани идеяҳои қатънома ба иқдомҳои мушаххаси байналмилалӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» дорои чанд ҷанбаи асосӣ мебошад. Аввалан, Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори сиёсӣ, меъмори консепсияи дипломатияи сулҳ, роҳбари дипломатияи бисёрҷонибаи Тоҷикистон, ташаббускори меъёрҳои нави байналмилалӣ ва ҳомии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намудаанд. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 натиҷаи фаъолияти дарозмуддати Пешвои миллати мо дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва дипломатияи байналмилалӣ буда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари масъул, сулҳпарвар ва фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ боз ҳам устувортар намуд.
Меъроҷиддин НАСРИДДИНЗОДА,
дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих
АКС аз муаллиф/манбаъҳои боз








СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
ҚУДРАТИ ИЛМӢ — КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад






