Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад

Июль 29, 2026 10:20

ДУШАНБЕ,  29.07.2026 /АМИТ  «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» натиҷаҳои корҳои бомиқёси техникиро, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 гузаронида шуданд, ҷамъбаст намуд. Дар ин раванд ба муосиргардонии шабака диққати махсус равона карда шуда, дар маҷмуъ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 80 чорабинии техникӣ амалӣ карда шуд.

«Хусусияти асосии нимсола тарзи амали маҷмуӣ буд: мо ҳамзамон радиошабакаро инкишоф додем, инфрасохтори таҳвилиро вусъат бахшидем ва навсозии базаи иттилооти шабакаро ба амал баровардем. Бисёри лоиҳаҳо барои муштариён ноаён мемонанд, лекин маҳз маҷмуи корҳо устувории алоқаи мобилӣ ва таҳвили маълумотро таъмин мекунад», — изҳор дошт директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Дар нимсолаи якум диққати асосӣ ба муосиргардонии шабакаи амалкунанда равона карда шуд. Ба ҷойи ивази пурраи таҷҳизот дар бисёри иншоот имконияти онҳо аз ҳисоби фаъолсозии диапазонҳои иловагии радиобасомадҳо васеъ карда шуд. 47 пойгоҳи базавӣ дар басомадҳои 4G/LTE, ки суръатҳои баланди интернети мобилиро таъмин мекунанд, ба кор шуруъ карданд. Ҳаҷми аз ҳама зиёди корҳо ба шабакаи LTE 2600 (Band 7) рост омад. Он барои вусъат бахшидани қобилияти гузариши шабака дар минтақаҳо бо теъдоди зиёди муштариён ба кор бурда мешавад. Марҳилаи навбатӣ навсозии 150 пойгоҳи базавии насли чорум бо ба роҳ мондани технологияи 4T4R хоҳад шуд, ки бо ёрии он истеҳсолнокӣ баланд бардошта шуда, зарфияти шабака васеъ карда мешавад.

Дар 23 нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон пойгоҳҳои нави базавӣ ба кор дароварда шуданд. Боз 85 модули иловагии 4G дар майдонҳои қаблан фаъолшудаи пойгоҳҳои базавӣ ба кор даромаданд. Озмоишҳои шабакаи насли панҷум гузаронида шуда, суръати таҳвили маълумот то ба 1,1 Гбит/с расонида шуд. Омодагии инфрасохтори оператор ба марҳилаи навбатии рушди технологӣ инро тасдиқ  менамояд.

Бунёди хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ идома дорад. Ҳалқаи таҳвилии ҷанубӣ дар вилояти Хатлон бо қобилияти гузариши 100 Гбит/с ба истифода супорида шуд. Сохтмони канали таҳвилии Душанбе-Шурообод-Дарвоз ба анҷом расид. Ин лоиҳаҳо сатҳи устувории шабакаро баланд бардошта, захираи лозимии қобилияти гузаришро бо назардошти афзоиши минбаъдаи трафики интернет ташкил мекунанд. То охири сол бунёди боз 180 километр хатҳои алоқаи нахӣ-нурии нав дар назар аст, ки 90 километри онҳо хатҳои магистралӣ ба шумор мераванд.

Ҳаҷми бузурги корҳо дар базаи иттилооти шабака анҷом дода шуд. МегаФон Тоҷикистон имконияти платформаи VoLTE-ро васеъ намуд. Теъдоди истифодабарандагони фаъоли технологияе, ки садои сифаташ баландро бо таҳвили маълумот мутобиқ месозад, ба 394 ҳазор нафар расид, зарфияти  литсензионӣ то 2 миллион муштарӣ зиёд гардид. Ба ғайр аз ин, якчанд платформаҳо нав карда шуда, имконоти нави инноватсионӣ, ки барои фаъолияти дурусти алоқаи овозӣ, таҳвили маълумот, идоракунии манбаъҳои шабакавӣ ва робитаи ҳама элементҳои шабака ҷавобгаранд, нав карда шуданд.

Корҳо оид ба рушди шабака дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон идома доштанд. Ҳаҷми онҳо на аз рӯйи принсипи тақсимоти баробар, балки бо назардошти талаботи воқеӣ муайян карда мешуд: мутахассисони техникӣ сатҳи сарборӣ, афзоиши истеъмоли интернети мобилӣ, шумораи муштариён ва имконоти рушди минбаъдаи ҳар минтақаро ба инобат гирифтанд. Ҳаҷми аз ҳама зиёди корҳо дар вилояти Суғд анҷом ёфта, дар ин минтақа 24 чорабинии техникӣ амалӣ гардид. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бисёри лоиҳаҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ татбиқ гардиданд. Ин ноҳияҳо дар наздикии Душанбе ҷойгир буда, таваҷҷуҳи алоҳида ба такмили қобилияти гузариши шабака дар шароити зичии баланди аҳолӣ ва афзоиши босуръати трафики интернет равона карда шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаш лоиҳа амалӣ гардид, лекин ҳар иншоот арзиши махсус дорад: бунёду корбурди шабака дар минтақаҳои баландкӯҳ вақту манбаъҳои бештар ва роҳҳои ҳалли ғайристандартии муҳандисиро тақозо мекунанд. Диққати алоҳида ҳамчунин ба минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон–Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин зоҳир карда шуд.

Рушди бомиқёси инфрасохтори оператор идома дорад. То охири сол бунёди беш аз 100 пойгоҳи нави базавӣ, насби қариб 430 модули иловагии LTE ва дигар чорабиниҳои ба баландбардории устуворӣ ва сифати хизматрасониҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мусоидаткунанда дар назар аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июль 29, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
28 июл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад