Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд

Июль 2, 2026 13:46

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Бангкок муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар Конфронси глобалӣ оид ба ҳамоҳангсозии иқлим ва Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс Саноӣ Бойзода cаҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 таъкид намуд.

Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор омода мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2026 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид