Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ» — таҳти чунин унвон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ҳамоиш баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш нақши ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, таъмини амнияти байналмилалӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф гардида, пешниҳодҳои он оид ба масъалаҳои обу иқлим, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Дар ҳамоиш сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Эраҷ Ҷӯрабекзода гуфт, ки «Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории созанда нақши муассир дошта, имрӯз яке аз ташаббускорони масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мебошад. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад».
Дар ҷараёни ҳамоиш аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба арзиши сулҳ ва ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Мо ҷонибдори ҳалли тамоми масъалаҳои байналмилалӣ танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, муколама ва ҳамкории созанда ҳастем».
Дар ҳамоиш оид ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат ибрози назар карда шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш алоқамандии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллатро бо рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон метавон арзишҳои сулҳ, қонуният ва масъулияти шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Дар анҷоми ҳамоиш сиёсати сулҳпарварона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ гардида, баргузории чунин ҳамоишҳо барои густариши маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос муҳим ва саривақтӣ дониста шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






