Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар саммитҳои ҷаҳонӣ дар Женева муаррифӣ шуданд

Июль 10, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар саммитҳои ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва зеҳни сунъӣ, ки таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, муаррифӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар саммитҳои ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва зеҳни сунъӣ дар Женева иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардида, нахустин Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 дар Осиёи Марказӣ қабул шудааст.

Ҳамчунин дар саммитҳои ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва зеҳни сунъӣ таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар Женева ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи IT HUB DUSHANBE, инчунин саҳми Тоҷикистон дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардиданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд