Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 июн бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, мақомоти давлатӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои дастгирии ҷавонон бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои рушд аз наздик шинос шуданд.
Дар шаҳри Панҷакент нахуст хабарнигорон бо фаъолияти Маркази иммунопрофилактика шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои амалишаванда муассиса бо яхдонҳои махсус барои нигоҳдории ваксина ва дигар маводи доруворӣ таъмин гардидааст. Таҷҳизоти нав имкон медиҳад, ки низоми «занҷири сард» пурра риоя гардида, сифати ваксинаҳо то расидан ба аҳолӣ ҳифз шавад.
Баъдан намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти Маркази давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон шинос шуданд. Ҳуқуқшиноси давлатӣ Хушнуд Буриев иброз дошт, ки марказ аз соли 2015 фаъолият дошта, ба шаҳрвандон машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, бештари муроҷиатҳо ба масъалаҳои оилавӣ марбут буда, шаҳрвандон ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, меҳнатӣ ва дигар самтҳои ҳуқуқӣ маслиҳатҳои ройгон мегиранд. Бо дастгирии шарикони рушд марказ бо таҷҳизоти техникӣ ва адабиёти соҳавӣ таъмин гардидааст.
Дар идома ҳайати рӯзноманигорон бо Маркази рушди соҳибкорӣ шинос шуданд. Директори марказ Шоҳрух Каримӣ гуфт, ки марказ моҳи феврали соли 2026 ба фаъолият оғоз намуда, то имрӯз даҳҳо ҷавон бо лоиҳаҳои соҳибкорӣ муроҷиат кардаанд. Ба онҳо барои таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, гирифтани машварат ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ кумак расонида мешавад.
Дар шаҳри Истаравшан намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шинос шуданд. Ба рӯзноманигорон раванди гузариш ба низоми электронии хизматрасонӣ, рақамикунонии маълумот ва имкониятҳои нави хизматрасонӣ ба шаҳрвандон муаррифӣ гардид.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳайати иштирокчиён аз Маркази ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятӣ боздид намуданд. Масъулини муассиса иброз доштанд, ки марказ бо маводи доруворӣ ва воситаҳои ташхиси бемории ВНМО мунтазам таъмин буда, ин ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.
Директори филиали Муассисаи давлатии «Маркази иммунопрофилактика дар вилояти Суғд» Зарина Тоҷибоева иттилоъ дод, ки бо дастгирии шарикони рушд муассиса бо нақлиёти махсус, таҷҳизоти нигоҳдории ваксина ва дастгоҳҳои муосири назорати ҳарорат таъмин шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин имконият медиҳад, ки ваксинаҳо бо риояи талаботи байналмилалӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас гарданд.
Дар идома хабарнигорон бо фаъолияти Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд шинос шуданд. Раиси иттиҳод Садриддин Саидов гуфт, ки имрӯз дар вилоят 234 адвокат фаъолият дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷалби мутахассисони ҷавон мунтазам машварату тренингҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.
Ба иттилои Садриддин Саидов, имрӯз бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд шумораи занони адвокатҳо зиёд шуда, кӯшиш бар он мекунем, ки дар баробари фаъолияти мардон шумораи адвокатзанҳо низ дар вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд шавад.
Ҳайати рӯзноманигорон инчунин аз Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, сипас бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи Ашт» шинос шуданд.
Директори корхона Наврӯз Алиев иброз дошт, ки бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ насб гардида, имрӯз маҳсулоти корхона ба Беларус, Озарбойҷон ва Русия содирот мешавад.
Дар корхона даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, музди меҳнати онҳо вобаста ба ҳаҷми кор аз 2 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Рӯзи сеюми сафари матбуотӣ ҳайати иштирокчиён ба дидбонгоҳи обсанҷии дарёи Сир рафтанд.
Директори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд Абдувалӣ Ҳомидов гуфт, ки ин дидбонгоҳ аз соли 1958 фаъолият дошта, яке аз се пойгоҳи асосии обсанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷо сатҳ ва сарфи об пайваста назорат шуда, маълумоти ҷамъоваришуда ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва мамлакатҳои поёноби ҳавза пешниҳод мегардад.
Дар шаҳри Исфара рӯзноманигорон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи Заррини Исфара» боздид намуданд. Менеҷери корхона Ихтиёр Алимов гуфт, ки корхона соли 2016 таъсис ёфта, дар он имрӯз беш аз 20 номгӯи маҳсулоти меваи хушк истеҳсол карда мешавад. Бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) корхона бо таҷҳизоти нав таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии он ба 200 тонна дар як сол расидааст. Маҳсулот ба Русия, Беларус ва Қазоқистон содирот шуда, дар корхона 22 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар идома ҳайати рӯзноманигорон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Исфара Шуз» шинос шуданд. Роҳбари корхона Баҳриддин Сироҷов гуфт, ки имрӯз дар корхона зиёда аз 50 намуди пойафзоли мардона истеҳсол мегардад. Ашёи хом аз Туркия, Узбекистон ва Русия ворид карда шуда, қисми зиёди корҳои истеҳсолиро занони маҳаллӣ анҷом медиҳанд.




Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» омаданд. Дар марказ ҷавонон ба таври ройгон машғулиятҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, маркетинг, соҳибкорӣ ва лоиҳанависиро гузашта, соҳиби сертификат мешаванд. Инчунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва сафарҳои омӯзишӣ мунтазам ташкил карда мешаванд.
Дар анҷоми сафари матбуотӣ фаъолияти Маркази ҳунарҳои мардумии «БОДИЛ» муаррифӣ гардид. Роҳбари марказ Зебинисо Бобоева гуфт, ки дар ин ҷо либос ва дигар маҳсулоти миллӣ бо нақшу нигори тоҷикӣ омода шуда, ба бозорҳои дохилӣ ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод мегарданд. Марказ барои ҳифзу рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон саҳми арзанда мегузорад.



Сафари матбуотӣ нишон дод, ки татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд барои таҳкими низоми тандурустӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
PS: Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP – United Nations Development Programme) яке аз ниҳодҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид буда, барои мусоидат ба рушди устувор, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум фаъолият мекунад. Ин барнома соли 1965 таъсис ёфта, имрӯз дар тақрибан 170 давлат ва ҳудуд фаъолият дорад.
Ҳадафи асосии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дастгирии мамлакатҳо дар расидан ба рушди устувор, коҳиш додани нобаробарӣ, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими идоракунии давлатӣ мебошад.Барнома инчунин ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs), ки то соли 2030 амалӣ мешаванд, мусоидат мекунад.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»

















Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ ба имзо расид
Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд






