ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд

Июль 11, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти таътили тобистона, рушди тафаккури эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати наврасону ҷавонон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, маҳфилҳо ҳар рӯз аз соати 09:00 оғоз гардида, фарогири мавзуъҳои илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, санъату мусиқӣ, адабиёти ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои ҷолиб мебошанд. Хоҳишмандон метавонанд дар онҳо ба таври озод иштирок намоянд.

Дар доираи барномаҳои тобистона маҳфилҳои «Дар суҳбати адиб», «Фурӯғ», «Се суоли Нозанин», «Китоби нав», «Шоҳномахонӣ», «Муколамаи адабӣ», «100 адиби дорандаи ҷоизаи Нобел», «Ҳамешабаҳор», «Минбари олимони ҷавон», «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо», «Панҷаи ҳунар» ва «Дастони моҳир» фаъолият мекунанд.

Иштирок дар ин маҳфилҳо барои наврасону ҷавонон имконият фароҳам меорад, то ҷаҳонбинияшонро васеъ намуда, малакаҳои суханварӣ, шеърхонӣ, рассомӣ, таҳлил ва эҷодкориро такмил диҳанд.

Дар китобхона инчунин даврҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, чинӣ, куриёӣ ва даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагию пазандагӣ амал мекунанд, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо баҳра баранд.

Ташкили чунин маҳфилҳо ва даврҳои омӯзишӣ ба фароҳам овардани муҳити созанда барои рушди маънавӣ, касбӣ ва зеҳнии насли наврас мусоидат мекунад. Наврасону ҷавонон метавонанд дар вақти таътили тобистона на танҳо истироҳат кунанд, балки дониш ва малакаҳои худро низ такмил диҳанд.

Бояд гуфт, ки муҳити Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагон на танҳо чун макони мутолиа, балки маркази омӯзиш ва рушди истеъдодҳо хизмат мекунад. Толорҳои хониш, захираи васеи китобҳо ва шароити мусоиди омӯзишӣ ба наврасон имкон медиҳанд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, донишу ҷаҳонбинияшонро такмил диҳанд.

Ба иттилои масъулини китобхона, ҳадафи асосии баргузории ин барномаҳо фароҳам овардани муҳити созанда барои насли наврас ва дур нигоҳ доштани онҳо аз истифодаи беҳудаи вақти холӣ мебошад. Ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ метавонад дар интихоби роҳи ояндаи онҳо нақши муҳим гузорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил, омӯзиши фанҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҷаҳонбинии ҷавонон имконоти васеъ муҳайё гардидаанд.

Дар ин замина наврасону ҷавононро зарур аст, ки бо масъулияти баланд, талошу кӯшиши пайваста ва истифодаи самараноки шароити фароҳамомада донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои заруриро аз худ намоянд. Зеро маҳз насли огоҳу донишманд ва соҳибмаърифат метавонад дар пешрафти ҷомеа ва рушди минбаъдаи давлат саҳми арзанда гузорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 11, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад