ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози таътили тобистонаи хонандагон як моҳ сипарӣ шуд. Агар барои бархе ин давра танҳо айёми истироҳат бошад, қисми зиёди хонандагон имрӯзҳо вақти худро ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили дониш аз фанҳои дақиқ ва иштирок дар маҳфилҳои фарҳангию маърифатӣ сарф мекунанд. Дар ин самт китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ ба яке аз маконҳои асосии ҷалби кӯдакону наврасон табдил ёфтаанд.
Тавре сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фароғат Толибова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар фонди шуъбаи онҳо тақрибан 7 ҳазор нусха китоб мавҷуд мебошад. Аз ин шумора 5055 нусха бо забони тоҷикӣ, 1693 нусха бо забони русӣ ва 158 нусха бо забонҳои хориҷӣ мебошанд. Хонандагон метавонанд китобҳоро мустақилона интихоб намуда, дар толори хониш мутолиа намоянд.
«Вазифаи асосии шуъбаи мо ин қонеъ намудани талабу дархости хонандагон тавассути адабиёти барои кӯдакон ва наврасон нигаронидашуда мебошад. Ба шуъбаи мо ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 70-80 нафар хонанда меоянд. Аксари онҳо иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд. Бо мақсади мусоидат ба омодагии онҳо гӯшаи махсус аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ташкил карда шудааст, ки дар он тамоми китобҳои тавсияшуда ҷойгир мебошанд»,–афзуд Фароғат Толибова.
«Имсол бо мақсади истифодаи самараноки таътили тобистонаи кӯдакону наврасон дар шуъба маҳфили нави «Панҷ истеъдод» амалӣ намудем. Дар доираи он кӯдакону наврасон маҳорати суханварӣ, ҳунарҳои дастӣ ва қобилияти эҷодии худро месанҷанд ва такмил медиҳанд»,–иброз дошт сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ.
Ҳадафи таъсиси маҳфили «Панҷ истеъдод» дарёфт ва рушди истеъдоди кӯдакону наврасон, баланд бардоштани маҳорати суханронӣ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ мебошад. Дар доираи маҳфил иштирокчиён шеър қироат намуда, аз рӯйи асарҳои мутолианамудаи худ андешаронӣ мекунанд, ҳунарҳои дастӣ ва расмкашии худро ба намоиш мегузоранд ва дар озмунҳои гуногуни зеҳнӣ иштирок менамоянд. Ташкил ва гузаронидани чунин маҳфилҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва истифодаи самараноки вақти холии хонандагон нақши муҳим доранд.
«Инчунин ҳар як хонанда метавонад то 30 дақиқа аз барномаҳои омӯзишии компютерӣ истифода барад. Ин барномаҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди малакаҳои ҳисобу китоб, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти эҷодӣ таҳия шудаанд. Ҳадафи мо танҳо пешниҳоди китоб нест, балки фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мебошад»,–иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Рухшона Икромова дар суҳбат ба мо баён дошт, ки имрӯз таваҷҷуҳи хонандагон ба донишандӯзӣ нисбат ба солҳои пеш бештар гардидааст.
«Дар рӯзҳои охири соли таҳсил мо пайваста ба хонандагон тавсия медодем, ки таътили худро бо китобхонӣ, омӯзиши забонҳо, варзиш ва иштирок дар марказҳои омӯзишӣ дар умум самаранок гузаронанд. Зимни суҳбат бо онҳо эҳсос мешуд, ки аксарият барои худ аллакай нақша доранд. Яке мехост дар давоми тобистон фанҳои дақиқро омӯзад, дигаре ба омӯзиши забони англисӣ машғул шавад ё дар маҳфилҳои варзишӣ иштирок намояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки насли навраси имрӯз барои донишандӯзӣ ҳавасмандии бештар доранд. Танҳо зарур аст, ки мо омӯзгорону волидайн онҳоро роҳанмоӣ намоем»,–мегӯяд омӯзгор.
Истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шабнам Шокирзода низ бар он назар аст, ки истифодаи самараноки таътили тобистона аз ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва волидайн вобастагии зиёд дорад.
«Писари ман ба фанҳои дақиқ шавқи зиёд дорад ва ҳар рӯз ба маркази омӯзишӣ меравад. Аммо на дар ҳамаи маҳаллаҳо чунин марказҳо фаъолият мекунанд. Хуб мешуд, агар шумораи онҳо зиёд шавад. Ҳамчунин бигӯзор дар ин давра китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ба таври назаррас фаъолият намонд. Онҳо вазифадор карда шаванд, ки бо як масъулияти баланд хонандагонро ба мутолиаи китоб ҷалб намоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд аксар хонандагоне, ки барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ хусусан Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субдоноӣ китоб аст» тайёрӣ мебинад, ба китобхонаҳои марказӣ мераванд. Фикр мекунам, ки агар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар таътили тобистона хуб фаъолият намоянд, ба манфиати кор аст. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон бештар ба мутолиаи китоб ҷалб шаванд»,–гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки таътили тобистона барои хонандагон як фурсати хубест барои истироҳат ва барқарор намудани қувваи ҷисмонӣ ва руҳӣ. Яке аз роҳҳои беҳтарин ба таври манфиатбор гузаронидани таътил барои кӯдакону наврасон ин мутолиаи китобҳои бадеӣ мебошад.
Мутолиа ба хонандагон на танҳо дониш медиҳад, балки ҷаҳонбиниро васеъ мекунад, забони модариро сайқал медиҳад. Волидайн ва омӯзгорон бояд кумак кунанд, то хонандагон китобҳои мувофиқ ба синну сол ва завқи худ интихоб намоянд. Ҳатто ташкил намудани мусобиқаҳои китобхонӣ ё гурӯҳҳои мутолиа метавонад шавқи кӯдаконро зиёдтар намояд.
Дар маҷмуъ, мутолиа дар таътили тобистона барои рушди ҳамаҷонибаи хонандагон хеле муҳим буда, асоси муваффақияти ояндаи онҳо мебошад.
Инчунин рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, ки хонандагон метавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе татбиқи технологияҳои муосир бо ширкати Чин баррасӣ шуд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат






