Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба вилояти Хатлон 930 ҳазору 961 нафар сайёҳ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 867 ҳазору 792 нафар сайёҳони дохилӣ ва 63 ҳазору 169 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 158 мавзеи сайёҳӣ, 134 меҳмонхона, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 47 осорхона, 118 зиёратгоҳ, 80 мағозаи армуғон, 125 чойхона, 377 банкомат, 88 аломати роҳнамо ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Соли 2026 барои муаррифии имконоти сайёҳии вилоят чорабиниҳои байналмилалӣ низ доир шуданд. Аз ҷумла, Намоишгоҳи имконоти вилояти Хатлон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Форуму Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон–сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон баргузор гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






