Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Раиси Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин (CIDCA) Чэн Сяодун вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро, ки ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба расидааст, баланд арзёбӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби грантҳо ва кумаки техникӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, бунёди корхонаи муосири коркарди партовҳо бо истеҳсоли неруи барқ, рушди сармояи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин мусоҳибон оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, инфрасохтори коммуналӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






