Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд

Июль 7, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро аз сохтмони бузурги аср — Неругоҳи барқии обии «Роғун» таҳия ва манзури тамошобинон гардонид. Дар ин хусус 6 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 иттилоъ дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Нерӯи ишқ» аввалин филми бадеӣ аст, ки дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур аз ишқи поки ду корманди нерӯгоҳ –Таҳмина ва Рустам қисса мекунад. Табиби беморхонаи пойтахт Таҳмина, ки тариқи роҳхат ба бунгоҳи тиббии ин неругоҳ ба кор омадааст ба Рустам, ки бо дасту бозуи баҳодурона дар ин майдони нангу номус заҳмат мекашад, дил мебандад.

Ду ҷавони ошиқ тасмим мегиранд, ки оила бунёд намуда, дар ин корзори нангу номус дар якҷоягӣ барои фардои дурахшони Ватан содиқона меҳнат кунанд. Дар пасманзари муҳаббати ду дилдода, бузургии НБО-и «Роғун» ва қаҳрамонии ҳар як коргари нерӯгоҳ тасвир ёфтааст.

«Дар заминаи ишқи ин ду ҷавон дар филм, манзараҳои сохтмони азими аср, табиати нотакрори Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои инсонӣ барои ояндаи кишвар бозтоб ёфтаанд. Филм нишон медиҳад, ки бунёди ояндаи дурахшон дар натиҷаи меҳнати сангин, иродаи қавӣ ва замири неку поки насли бонангу номус ба даст меояд», — гуфта шуд дар нишаст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид