Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад

Июль 23, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши саноат дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Ҷонибҳо ҳамзамон таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, таъсиси паркҳои саноатӣ, маҳаллисозии марҳила ба марҳилаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ва мототехника, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос баррасӣ намуданд.

Бо тамаркуз ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чонгчин дар моҳи майи соли 2026 ҷонибҳо истифодаи имконияти мавҷударо барои татбиқи амалии натиҷаҳои дар ин зимн ҳосилшуда муҳим арзёбӣ карданд.

Дар анҷом ба ҷониби Чин бастаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои ба роҳ мондани ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ ва таълимӣ пешниҳод гардид. Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки саноат ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд