Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар ҳошияи Иҷлоси 62-юми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар чорабинии канорӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои аъзои Шурои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Доир ба мавзуи чорабинӣ Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва намояндаи доимии Давлати Қатар Ҳинд Абдулраҳман Ал-Муфтаҳ суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ моҳият ва аҳамияти Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027, инчунин ҳадафу вазифаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳтар намудани фаҳмиши ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, таъмини дастрасӣ ба адолат барои ҳама ва таҳкими волоияти қонун муҳокима шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария










Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






