Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ, касбӣ ва омӯзиш Ёддошти тафоҳум табодул карда шуд.
Ёддошти тафоҳумро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Вазири маорифи Муғулистон Энх-Амгалан Лувсантсэрэн имзо намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, табодули ин санад марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасб оғоз бахшида, барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти техникӣ ва касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Тибқи муқаррароти он, ҷонибҳо ният доранд ҳамкориро дар самти баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, такмили низоми омодасозии мутахассисон ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ густариш диҳанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ташкили мубодилаи омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳассилин мебошад, ки ба такмили дониш, малака ва таҷрибаи касбии онҳо мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи таҷриба, технологияҳои нави таълим, маводи илмӣ ва усулҳои муосири омӯзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҳуҷҷати баимзорасида инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, амалисозии лоиҳаҳои таълимӣ, таҳияи манобеи нави таълимӣ ва баргузор намудани конференсияҳо, машваратҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байналмилалиро пешбинӣ мекунад, ки ба рушди низоми таҳсилоти техникӣ ва касбӣ дар ҳар ду мамлакат мусоидат менамояд. Барои ҳамоҳангсозии татбиқи созишнома гурӯҳи кории муштарак аз намояндагони ҳар ду ҷониб таъсис дода мешавад, ки вазифаи он таҳияи нақшаҳои мушаххаси чорабиниҳо, муайян намудани масъулон ва мубодилаи мунтазами иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои онҳо мебошад.
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон қадами муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманди ду давлат ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва касбӣ имконияти нави фарохро фароҳам месозад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






