Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд

Июль 21, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон табодул карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд, ҳадафи Ёддошти тафоҳум барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддат, самаранок ва барои ҳар ду ҷониб судманд барои татбиқи лоиҳаҳои ба содирот нигаронида дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мебошад.

Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷонибҳо дар самтҳои зерин: татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба рушди содирот нигаронида, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи содирот,  имконоти  содиротӣ, созишномаҳои тиҷоратии имтиёзнок, қоидаҳои муайян намудани давлати истеҳсол, тадбирҳои мусоидат ба тиҷорат ва хизматрасониҳои дастгирии содирот дар ҳар ду мамлакат ҳамкориро густариш медиҳанд.

Инчунин дар доираи ин санад ҷонибҳо оид ба баргузор намудани мизҳои мудаввар, форумҳо, вохӯриҳо, машваратҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо бо мақсади беҳтар намудани фазои содиротии ҳар ду давлат, татбиқи чорабиниҳои муштараки пешбурди содирот, аз ҷумла мусоидат ба иштироки соҳибкорон дар намоишгоҳҳо, ярмаркаҳои байналмилалӣ, форумҳои соҳибкорӣ ва дигар чорабиниҳои таблиғотӣ  ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳуҷҷат ташкили вохӯриҳои мустақими соҳибкорӣ (B2B) ва шабакаҳои ҳамкорӣ байни содиркунандагон, воридкунандагон, сармоягузорон ва дигар субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат, мусоидат ба муаррифӣ ва пешбурди молҳо ва хизматрасониҳои ҳар ду мамлакат пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид