Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд

Июль 18, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар чорабинии муштараки сатҳи баланд таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва рушди устувор: навоварӣ, фарогирӣ ва устуворӣ», ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Покистон дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст.

Ҳамчунин аз аҳамияти татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ёдоварӣ карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иброз гардид, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун омили муҳими татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, такмили идоракунии давлатӣ ва рушди фарогири иқтисодӣ хизмат намуда, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 18, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд