«Тоҷикстандарт»: аз харидани об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири нурҳои Офтоб қарор доранд, худдорӣ намоед!

Июль 29, 2026 11:08

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз харидани об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири бевоситаи нурҳои Офтоб ва бе ашёи муҳофизатӣ нигоҳ дошта мешаванд, худдорӣ намоед. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.

Ба иттилои Агентии «Тоҷикстандарт», бо фаро расидани фасли гармо талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан, ширин ва газдор ба таври назаррас зиёд мегардад. Дар ин давра истеъмолкунандагон бояд ҳангоми харидорӣ ба шароити нигоҳдорӣ, муҳлати истифода, тамғагузорӣ ва ҳолати зоҳирии борҷомаи маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд.

«Нигоҳдории тӯлонии об ва нӯшокиҳо дар зери таъсири бевоситаи нурҳои Офтоб ва ҳарорати баланди ҳаво метавонад ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, аз харидории маҳсулоте, ки муддати дароз дар ҷойҳои гарм ва зери нури мустақими Офтоб бе воситаҳои муҳофизатӣ нигоҳ дошта шудаанд, худдорӣ намудан ба манфиати саломатии истеъмолкунандагон мебошад»,- иттилоъ доданд аз Агентии «Тоҷикстандарт».

Тавре муовини якуми директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Мирзоён зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, аз ҷониби Агентӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин мушкилӣ гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Аъзои ин гурӯҳ аз аввали мавсими гармо дар бозорҳо ва марказҳои савдо бо соҳибкорону воридкунандагони обҳои нӯшокӣ ва нӯшокиҳои ширину газдор, инчунин фурӯшандагон доир ба қоидаҳои нигоҳдории онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузаронанд.

«Барои бартараф намудани ин мушкилӣ бояд маърифати ҳуқуқии савдогарон ва харидорон баланд бардошта шавад. Зеро бартараф намудани ҳолати поймолкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон масъулияти якҷоя мебошад»,-афзуд Раҳмоншо Мирзоён.

Ба соҳибкорон ва фурӯшандагон низ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши обҳои нӯшокӣ ва нӯшокиҳои ширину газдор талаботи муқарраргардидаи бехатарии маҳсулотро қатъиян риоя намоянд. Маҳсулот бояд дар ҷойҳои салқин ва аз таъсири бевоситаи нурҳои Офтоб муҳофизатшуда нигоҳ дошта шавад. Барои ин метавон аз яхдонҳо, соябонҳо, чатрҳои махсус ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ истифода намуд.

Ҳамчунин шароити нигоҳдории маҳсулот бояд ба талаботи дар тамғагузорӣ ва борҷомаи он нишондода мувофиқат намояд. Риояи ҳарорати мувофиқ ва дигар талаботи нигоҳдорӣ барои ҳифзи сифат ва бехатарии маҳсулот аҳамияти муҳим дорад.

Бояд дар назар дошт, ки бехатарии маҳсулот танҳо дар марҳилаи истеҳсол таъмин намегардад. Он бояд дар тамоми занҷири таъминот — аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда риоя карда шавад. Мутаассифона, ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешаванд, ки нӯшокиҳои ташнагишикан ва ширину газдор дар нуқтаҳои фурӯш ё анборҳо зери таъсири мустақими нурҳои Офтоб ва ҳарорати баланди ҳаво нигоҳ дошта мешаванд. Чунин муносибат метавонад ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, истеъмолкунандагон ҳангоми харидан бояд ба муҳлати истифода, тамғагузорӣ, ҳолати борҷома ва шароити нигоҳдории маҳсулот диққат диҳанд. Агар маҳсулот муддати дароз дар зери нурҳои мустақими Офтоб ё дар ҳарорати аз ҳад зиёд баланд нигоҳ дошта шуда бошад, аз харидани он даст кашанд. Зеро ин гуна обҳо метавонанд ба саломатии шумо ва наздиконатон зарари ҷиддӣ расонанд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Июль 29, 2026 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст