То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад

Июль 11, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2029 дар доираи татбиқи лоиҳаҳои нави саноатии Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан корхонаҳои истеҳсоли оҳак, бентонит, каолин ва семент бунёд гардида, зиёда аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли оҳак бо иқтидори солонаи 200 ҳазор тонна сохта шуда, талаботи истеҳсолоти металлургиро бо ин навъи маҳсулот таъмин хоҳад кард.

Ҳамчунин барои таъмини истеҳсолот бо бентонит корхонаи ғанигардонии бентонит ва каолин бо иқтидори солонаи 160 ҳазор тонна маҳсулот таъсис дода мешавад.

Дар шаҳри Истаравшан низ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 1 миллиону 200 ҳазор тонна бунёд мегардад.

Барои бунёди корхонаи истеҳсоли оҳак 120 миллион сомонӣ сармоягузорӣ пешбинӣ гардида, дар давраи сохтмон зиёда аз 150 нафар ва баъди ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ба сохтмони корхонаи ғанигардонии бентонит ва каолин 250 нафар ҷалб гардида, баъди оғози фаъолияти он 120 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.

Барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, дар давраи сохтмон зиёда аз 1200 нафар ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 850 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад