ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1110 то 0.1228 сомонӣ муқаррар шудааст

Июль 8, 2026 08:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.2728 сомонӣ;

1 евро – 10.6053 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1216 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 9.2900 то 9.3000 сомонӣ;

1 евро аз 10.5000 то 10.7000 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1110 то  0.1228  сомонӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Июль 8, 2026 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш