Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, рушди механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, фаъолияти маърифатӣ, таҳқиқотӣ ва мониторингӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак, омӯзишҳо ва сафарҳои таҷрибаомӯзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин мусоҳибон ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шабакаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва татбиқи босамари нақшаҳои муштарак иброз доштанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Давлати Қатар дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар асоси ҳамкории густурда, эътимод ва шарикии созанда минбаъд низ густариш ёфта, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мусоидат хоҳанд намуд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






