Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Вазири мудофиа бо шароити таълим, заминаи моддию техникии кафедра, раванди омодагии ҳарбӣ дар кафедра ва фаъолияти ҳайати омӯзгорону донишҷӯён шинос гардид.
Ба вазир синфхонаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва дигар имконоти мавҷудаи кафедра муаррифӣ гардиданд.
Ҳангоми суҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълими машғулияти ҳарбӣ, таҳкими интизом ва омода намудани ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан баррасӣ шуданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳои мусбат дода, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии донишҷӯён тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






