Вазорати кишоварзӣ: «Дар 75 795 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 71,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад»

Июль 10, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар масоҳати 106 000 гектар пешбинӣ гардидааст. Тибқи маълумоти расмӣ, ба ҳолати 8 июли соли 2026 кишти такрорӣ дар 75 795 гектар анҷом дода шудааст, ки 71,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ зироати полезӣ 3 594 гектар, ғалладонагиҳо 42 674 гектар, зироати техникӣ 2000 гектар, зироати хӯроки чорво 21 369 гектар, сабзавот 6 126 гектар ва картошка 96 гектар иҷро гардидааст.

Бояд гуфт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони мамлакат мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо ин кишти такрорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2–3 ҳосил аз як майдон мебошад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд: «Мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди мамлакат ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем. Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 10, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид