Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуд. Аз онҳо 31 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин иброз гардид, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва иҷрои воқеии даромадҳои буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии мамлакат беш аз 30,3 миллиард сомонӣ равона гардид.
«Ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,4 миллиард сомонӣ, маориф 6,5 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 2,3 миллиард сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 3,6 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,3 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1,3 миллиард сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 7,5 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ 597,3 миллион сомонӣ, сохтмон ва саноат 151,7 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 814,7 миллион сомонӣ равона гардид»,- афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.
Таъкид гардид, ки дар ин давра ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо 13,7 миллиард сомонӣ равона гардид. Хароҷоти соҳаи мазкур 45 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.
Иброз гардид, ки дар ин давра барои музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 8,5 миллиард сомонӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус пардохти нафақа 2,8 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба маблағи 451,6 миллион сомонӣ ва идрорпулӣ 122,0 миллион сомонӣ пардохт карда шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






